Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018 «Ҷадвали баргузории фестивал, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2021», дар асоси мактуби муовини раиси вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара 27-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон бахшида ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар байни донишҷӯён озмуни «Рӯзғордорӣ» баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанг ва Шӯрои занон ва духтарон роҳандозӣ гардид.
Дар озмун ҳайати ҳакамон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва намояндагон аз шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ширкат варзиданд.
Донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ - Ҳусейнова С., курси 3-юми факултети педиатрӣ Азизмамадова О., курси 3-юми факултети педиатрӣ Бобоева С. ва курси 4-уми факултети стоматологӣ - Ҷумъаева Г. ҳамчун иштирокчӣ ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон ва нишастагони толор намоиш доданд.
Донишҷӯёни мазкур тибқи Низомномаи озмун оид ба оростани дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таомҳои миллӣ, тарзи тайёр намудани як намуди таоми миллӣ ва муаррифии он, маҳорати пухтани нон ва маҳсулоти нонӣ, пешниҳоди ҳунарҳои тарроҳӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва бофандагӣ, маҳорати қабули меҳмон ҳунарҳои худро нишон доданд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон, аз ҷумла, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Данғара - Сайфуллоева Н., сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Музаффарова М., сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - Тоҳирзода Б. ва дигарон ба ҳунарҳои иштирокчиёни озмун баҳои баланд дода шуд.
Дар давоми озмун барои болидахотирии аҳли толор аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА