Дар кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар тамоми ҷаҳон қайд карда мешавад, маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил омӯзгорони кафедраҳо ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Маҳфилро мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз бузургию асолати забони тоҷикӣ ва роҳи тайкардаи он суханронӣ намуд. Ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи маълумотҳо зиёда аз 200 забон аллакай аз байн рафтаанд ва ҳазор забони дигарро дар тамоми ҷаҳон имрӯз хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.
Дар маҳфил профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. аз аҳамияти омӯзиши забони русӣ ва мавқеи он дар байни забонҳои дунё суҳбат намуд.
Сипас ба донишҷӯён ба забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ шеърҳо ва порчаҳои насрӣ қироат намуданд. Дар давоми маҳфил устодон Одинаев С.П. ва Должикова В.А. барои ҳозирин бо забони русӣ ва тоҷикӣ викторина пешкаш намуданд.
Аҳли нишаст аз баргузории чунин маҳфили пурмуҳтаво қаноатманд буданд.
Маҳфили мазкур бори дигар собит намуд, ки дар ҷаҳони муосири пур аз таззодҳо эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ чӣ гуна аҳамияти бузург дорад!
КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО