Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26 Феврал 2020
Муаллиф :  

  22-юми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
  Барномаи фарҳангӣ аз роҳпаймоӣ бо Парчами миллӣ оғоз гардида, ҳамзамон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
    Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳозирин тани сиҳат, хотири ҷамъ ва комёбиҳои беназирро орзу намуданд.
   Дар рафти барномаи фарҳангӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.х. Усмонова У.Х. ва профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. ҳозиринро ба ин ҷашни пуршукӯҳ самимона табрик намуданд.
  Лейтенанти калони кафедраи ҳарбӣ Сатторов Ё.Қ. дар мавзӯи «Сохти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳозирин маърузаи пурмухтаворо бо намоиши презентатсия пешкаш намуд.
   Барномаи фарҳангии дастаи «Дурахшон» - рақсу суруд, ҳаҷвияҳо ва машқҳои низомӣ хеле ҷолиб буда ва дар сатҳи баланд иҷро гардиданд.
   Дар анҷоми барнома Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, барои баргузории чунин чорабинии бошукуҳу шаҳомат ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барнома изҳори сипос намуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 125 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид