Бахшида ба таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи нақша-чорабиниҳои солонаи кафедраи Физикаи тиббӣ ва информатика дар байни донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ аз рӯи намуди волейбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид.
Мусобиқа 12 ноябри соли равон оғоз гардида, аз рӯи системаи олимпӣ гузаронида шуд ва дар он 22-дастаи донишҷӯёни курсҳои 1-4 дар он ширкат варзиданд.Дастаҳои ғолиб ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.
Ҳамаи дастаҳои ширкатдошта маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, хотири мухлисони хешро шод намуданд.
Ҳамин тариқ, ба бозии финалӣ дастаи донишҷӯёни гурӯҳи 310-и тиббӣ ва гурӯҳи 207-и тиббӣ роҳхат ёфтанд. Бозии финалӣ 23-юми ноябр баргузор гардида, бо пирӯзии дастаи донишҷӯёни гурӯҳи 310-и тиббӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА