Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

АШКИ МОДАР

28 Ноябр 2019 Муаллиф :  

     Модар қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор азизтарин вуҷуди рӯйи замин, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд, боҳимматтарин шахси башарият мебошад. Маҳз муҳаббат ва меҳри бепоён ва навозиши гарми модар аст, ки моро ба оламу одамгарӣ ошно сохта аст. Мо дар канори модар ва дар олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси инсондӯстиву ватандӯстиро меомӯзем. Инсон нахустин дарси одобу худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурэҳсосу пурэъҷози ӯ соҳиби маърифат мегардад. Оре, модар мисли мисли Замин танҳо ва яктост. Ба ин маънӣ, устод Лоиқ фармудааст:

                        Ту монанди замин танҳоӣ, Модар!

                        Ту монанди Замин яктоӣ, Модар!

  Инсон баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар чӣ қадар азизу муътабар будани ӯро дарк мекунад, зеро мисли канори модар, биҳиштосо ҷои дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

                        Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

                        Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

   Модар ҳамеша дар орзуи он аст, ки осебе ба фарзандаш нарасад ва агар тифлакаш каме худро ноором ҳис кунад, то солиму тансиҳату бедард шудани кӯдакаш хун мегиряд.

   Воқеан, модар фариштаест, ки Худованд биҳишти ҷовидонро зери қудумаш нисор кардааст. Модар достони зиндагиест, ки ҳаёт бидуни ӯ вуҷуд дошта наметавонад ва дурустии зиндагӣ ба ӯ вобаста аст. Модар садоқатест, ки ҳеҷ сидқе наметавонад ба ӯ баробар бошад. Модар зеботарин олиҳаи ишқ аст.

   Холаи Фариштамоҳ, ки номаш ба худаш хос мебошад, дар яке аз деҳаҳои хушманзара ба дунё омада, чун як духтари чолоку зебо диққати ҳар як ҷавон ва мардуми деҳаро  ба худ ҷалб мекард. Тахминан солҳои 1950 ӯ бо яке аз ҳамдеҳаҳояш ба шавҳар мебарояд. Дар давоми такопӯи зиндагӣ  пай дар пай якчанд духтарчаҳои мисли худаш зебо таваллуд мекунад. Хурсандиаш ҳадду канор надошт ва аз духтарчаҳояш меболиду хурсанд буд. Бо вуҷуди ин холаи Фариштамоҳ дар ҳасрати ба дунё овардани писари нозанин буд, зеро парасторию нигоҳубини падару модарро маҳз писар бояд ба уҳда гирад.

   Баъди сипарӣ шудани якчанд соли зиндагӣ ӯ соҳиби писар мегардад, ки аз ин холаи Фариштамоҳ шукрона намуда, хушҳол буд ва ҳамеша дуо мекард, ки писараш баркамол ба воя расида, мададгор, ғамхор  ва дастгири ӯ мегардад. Баъди якчанд соли зиндагӣ шавҳараш аз олам чашм мепӯшад ва тамоми ташвишу вазнинии  рӯзгор ба дӯши ӯ меафтад. Бо заҳматҳои бисёр фарзандҳояшро ба воя мерасонад ва баъди адои хизмати ҳарбӣ, писарашро бо нияту орзуҳои нек ба духтари дӯстдоштааш бо иштироки хешу табор ва наздиконаш тӯй барпо намуда, оиладор менамояд. Писараш дар тули зиндагиаш соҳиби як духтару се писар мегардад ва бо кӯмаку дуои модараш ҳамаи фарзандҳояшро ба ҳаёти мустақил гусел менамояд. Ҳамин тавр, холаи Фариштамоҳ  аз ин хушбахтии фарзандаш ва наберадор шудани писараш хело шод гардида буд.

   Лекин гӯйё ба ин оила чашми бад расида бошад, ки писараш оҳиста-оҳиста бо модар ва аҳли оила бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол мебардоштагӣ шуд. Ба қадри зиндагии хубу осоиштаи худ нарасида, тарки аҳли оила намуд ва ба яке аз занҳои сабукпои деҳа бо номи Ситора ошиқ шуда, бо никоҳи мусалмонӣ ӯро ба занӣ мегирад.

   Акнун ин фарзанди  нохалаф кайҳост, ки модари пир ва оилаашрову фаромӯш кардаааст. Холаи Фариштамоҳ ки синну солаш аз ҳаштод ҳам гузашта буд, аз ғаму андӯҳ ва ашки чашмонаш бемадор мегардад. Доимо дар фироқи писараш сӯхтаву гиряву нола карда, ҳамеша бо умед интизори омадани писараш буд. Рӯзе пиразан дар назди тирезаи хонааш нишаста, ғарқи хаёл лаҳзаҳои дуру дарози зиндагиашро ба хотир меорад. Ногаҳ мебинад, ки дар дасти писараш Қурбоналӣ ду халта маводи хӯрока тарафи хонаи зани дуюмаш Ситора рафта истодааст. Гарчанде ӯ ба овози ларзон номи писарашро гирифта фарёд мекунад, вале писараш гӯё ки овози модарро нашунида бошад, хомӯшона гузашта меравад. Холаи Фариштамоҳ, ки сатҳи зиндагиаш на он қадар хуб буд ва ба маводи хӯрока ниёз дошт, аз рафтори ғайриинсонии писараш ноумед шуд. Аз чашмонаш беихтиёр ашк ҷорӣ мегардад.

            Солҳо паи ҳам сипарӣ мешавад, саломатии холаи Фариштамоҳ низ бадтар шудан гирифта ба ҳар гуна бемориҳо,  ба монанди асаб, фишори хун ва ғайра гирифтор мегардад. Лекин пайваста дар фироқи дидори писараш буда, нола менамуд, ки оё рӯзе писараш ба назди ӯ медаромада бошад? Баръакс писари сангдилу нохалафаш кайҳо модарашро фаромӯш карда буд.  Вале  модар дар ҳама ҳолат  дар ёди фарзанд  буд.

            Муттасифона, на ҳама вақт инсон ба иззати ин ганҷи бебаҳо расида метавонад. Гоҳо дар дарёи пуртуғёни ҳаёти  ишқу ҳавас заврақ ронда, шахси аз ҳама азизтаринро низ ба гӯшаи фаромӯшӣ месупорад.

Рӯз то рӯз саломатии холаи Фариштамоҳ вазнинтар мегардад ва аз ҳамдеҳаҳо ҳамарӯза хоҳиш менамояд, ки писараш Қурбоналиро ёбанд, то ки аз ӯ дидорбинӣ кунад, лекин писари бадахлоқ модарро рад намуда, аз паси хизмати Ситора мегардад. Чунончи шоир фармудааст:

            Дар рӯзи охирини ҳаёташ дар гирду атрофи холаи Фариштамоҳ духтару келинҳо ва набераҳояш нишаста буданд. Кампир ҳар яки онҳоро панду насиҳатҳои зиндагӣ дода, дуо медод ва ба яке аз ҳамдеҳааш нигоҳ карда хоҳиш мекунад, ки агар писари маро дидед, албатта, дуою саломи маро ба ӯ расонед. Чунон ки шоир фармудааст:

            Эй ҷигарбандам биё, ки пирӣ ранҷурам намуд,

            Ҳасрати дидори рӯят, зинда дар гӯрам намуд.

            Кай суроғи модари чашм интизорат мекунӣ,

            Боз гард, ки дуриат ду дидаи кӯрам намуд.

    Баъди ин васият ӯ бо сад доғу алам дар дил аз дунё чашм мепӯшад, вале акси садои дили садпорааш, гӯё ки дар ҳасрати фарзанди нохалафаш то ба фалак танинандоз буд.

   Фарзанде, ки аз паи нафсу мол шуда, аз баҳри бузургтарин олиҳаи дунё - Модар мегузарад ва ӯро хаставу ноком, ғамгину ноумед, дардманду парешон ва бепарастору хор мегардонад, дар зиндагӣ ба муроду мақсад намерасад. Чунин фарзандони нохалафро агар модар бахшад ҳам, Худо намебахшад.

 

А.А. АЗИЗУЛЛОЕВ

                   мушовири ректор оид ба

                   масъалаҳои ҳуқуқӣ  

Шарҳи муаллиф:

       Бояд қайд кард, ки тибқи моддаҳои  88-89 –и  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки волидайни ғайри қобили меҳнати ба кӯмак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд. Ҳамзамон, тибқи моддаи 178 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат, ки шароити онҳоро вазнин намуда ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ  мерасонанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

 

0 Шарҳ 168 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид