26-уми ноябри соли равон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон профессори фахрӣ Должикова В.А. ва сардори назорати сифати таълим Одинаев С.П. ширкат варзиданд.
Барои иштироки фаъолона дар даври сеюми озмуни мазкур профессори фахрӣ Должикова В.А. аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва устод Одинаев С.П. аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони мамлакат роҳандозӣ гардидааст.
Ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва бо ин мақсад арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА