4 ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи ҷомеашиносӣ бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., Гулов А.А., сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайки шифо» Ошурмаҳмади С., омӯзгорони кафедра ва аъзои маҳфил ширкат варзиданд.
Маҳфилро мудири кафедра Гулов А.А., ҳусни оғоз бахшид. Номбурда иштирккунандагони маҳфилро ба ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, қайд кард, ки дар соли таҳсили 2019-2020 ин маҳфили аввалине мебошад, дар кафедраи Ҷомеашиносӣ баргузор мегардад. Минбаъд кафедра кӯшиш менамояд, ки фаъолияти маҳфилҳоро ба таври густурда ба роҳ монад.
Донишҷӯён дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо ва маърузаҳои пурмуҳтаво қироат намуданд.
Дар охири маҳфил дар байни донишҷӯён оид ба Конститутсия саволу ҷавоб баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки маҳфили мазкур таҳти саварии омӯзгори кафедраи ҷомешиносӣ Абдулҳақов О.Ш., ташкил шуда буд.
КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСӢ