5 ноябри соли равон бо ибтикори муовинати фарҳанг ва тарбия, деканат ва шуъбаи кор бо ҷавонон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва Парчами миллӣ бо мусиқии тантанавӣ ба толор дароварда шуд.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба таълим, н.и.с. Аҳмадов Ш.Р., бо сухани табрикотӣ оғоз намуда, табрикоти ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбонро ба аҳли нишаст ироа намуд. намуд. Номбурда дар давоми баромадаш қайд кард, ки воқеан, халқи точик бо қабули Конститутсия ба ҷаҳониён ҳуввияту асолати миллии хешро нисбат ба давлатсозии миллиашон собит намуда, шарафмандонаву суботкорона ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ қадам гузошта истодаанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад, дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густурдаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳо мустақилона роҳандозӣ намояд.
Омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ - Абдулҳақов О.Ш., дар мавзӯи «Конститутсия - танзимгари ҳаёти ҷомеа» маърӯза кард.
Донишҷӯи курси сеюм Тошбоев М., суруди «Республикаи ман»-ро бо як маҳорати хосса иҷро карда, ҳамзамон, донишҷӯёни курси якум дар васфи Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд.
Инчунин, донишҷӯёни курси якум Раҷабова Д. ва Исмоилзода М., бо рақси мавзун ва донишҷӯи курси дуюм Аминова Ш., бо суруди дилнишинаш хотири иштироккунадагонро шод гардониданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА