Тибқи нақша аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанг дар толори фарҳангии донишгоҳ оид ба «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» чорабинӣ гузаронида шуд.
Барандаи маҳфил ҳангоми кушодани чорабинии номбурда қайд намуд, ки дар натиҷаи рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, шумораи нақлиёти гуногуни автомобилӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки қоидаҳои бехатариро ҳамеша риоя намояд.
Дар рафти чорабинӣ донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Аминова Ш., сабти видеоиро доир ба мавзӯъ сотсиологии худро манзури тамошобинон гардонид. Донишҷӯи курси сеюми факултети стоматологӣ Зоиров Ҳ., иштирокчиёнро бо презентатсияи таҳиянамудаи худ оид ба аломатҳои роҳ шинос намуд.
Инчунин, донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Ҳуснияи С., оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаштан аз роҳҳои автомобилгард маърӯза намуд.
Аз ҷониби донишҷӯёни курси 1-уми факултети педиатрӣ Пулатова Ф. ва курси сеюми факултети мазкур Саидалиев Ш., барои аҳли толор викторина пешниҳод гарид.
Дар анҷоми барнома донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Солиева С. таҳти унвони «Донандагони аломатҳои роҳ» бозии шавқовар манзури иштирокчиёни чорабинӣ гардонид.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА