Бо ибтикори маъмурияти китобхона ва деканат 25 октябри соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ намоиш ва ташвиқу тарғиби китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Маҳфилро саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П., ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аз нигоҳи назариявӣ ва илмӣ амалан бунёд шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи худро гирифт. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон, профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А., баромад намуда, бори дигар аз корнамоӣ ва фидокории Президенти кишвар барои халқу ватан ёдовар шуд.
Аъзои маҳфили «Хазинаи маърифат» Муродова И., Анварзода М., Раҷабов Н., - донишҷӯёни курси 4-уми факултети педиатрӣ,.донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ - Сатторова А. ва донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ – Ғаффорзода И., оид ба китобҳои гуногуни Президенти кишвар барои иштирокчиёни маҳфил маълумоти мушаххас доданд.
Дар анҷом мудири китобхона н.и.ф., Саидова М.Р., чорабиниро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки омӯзиши китобҳои Президенти кишвар ба хонанда имкон медиҳад, ки донишҷӯён мустақим аз суханрониҳои Сарвари давлат бевосита дониши саҳеҳу боэътимод ва амиқ дар бораи асосҳо, хислат, самтҳои асосӣ, масъалаҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот пайдо кунанд.
МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА