Чоп намудани матн

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

12 Октябр 2019

   Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-11 октябри соли равон барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ ва деканат бо донишҷӯёни курси якум дар толори фарҳангӣ дарси тарбиявӣ баргузор гардид.
   Дарси тарбиявиро мудири кафедраи беҳдошти умумӣ, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ н.и.т. Исоева Б.И. гузаронида, оид ба бемориҳои сироятии тифи шикам, исҳоли хунин, гепатитҳои А,В,С,Е, вируси норасоии маснуияти одам, зуком, вазъи эпидемиологӣ, омилҳои гузариш ва роҳҳои пешгирии бемориҳои номбурда маълумот дод.
  Мавсуф таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза паҳншавии бемориҳо низ хусусияти глобалӣ касб намуда истодааст ва барои коҳиш додани бемориҳои мазкур корҳои ташвиқотӣ, тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” ба анҷом расонидан лозим аст.
   Қобили тазаккур аст, ки дар дарси тарбиявии мазкур мутахассисони соҳаи тибби ноҳияи Данғара, аз ҷумла, мудири шуъбаи бемориҳои сил – Раҳимов О., сармутахассиси бемориҳои пӯсту зуҳравӣ – Раҷабов З.А., духтур-эпидемиологи маркази ВНМО – Исмоилов С.Р., мудири шуъбаи диспансерии маркази ВНМО – Муродова С.Ю. иштирок доштанд.
    Дарси тарбиявӣ хеле шавқовар гузашта, донишҷӯён ба ҳамаи саволҳояшон посухи мукаммал гирифтанд.

КАФЕДРАИ  БЕҲДОШТИ УМУМӢ,  

 ЭПИДЕМОЛОГИЯ ВА БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

0 Шарҳ 683 нафар мутолиа намуданд

Хабарҳои охир  ADMIN

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries