Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ДОНИШГОҲ

07 Октябр 2019
Муаллиф :  

      5 октябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Барномаи фарҳангиро муовини ректор, н.и.с., дотсент Аҳмадов Ш. Р., ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро аз номи ректори донишгоҳ ва Шӯрои олимон табрику таҳният намуд ва дар бораи бузургии касби омӯзгорӣ ва покизагии забони ноби тоҷикӣ сухан ронд.
    Сипас, маросими супоридани мукофотҳои соҳавӣ баргузор гардид.
   Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон барои гузоштани саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, оммавию маърифатӣ дар Рӯзи омӯзгорон бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
   Муовини декан Камолов А.С., барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.
   Мудири кафедраи педиатрӣ, н.и.т., Кузибаева Н.К., барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи тандурустӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо нишони «Аълочии тандурустӣ» сарфароз гардонида шуд.
   Ҳамзамон, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.х., Усмонова У.Х., ва омӯзгори калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ, раиси Шӯрои занон ва духтарон Шарипова Ҳ.Я., барои хизматҳои шоистаашон дар соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
   Инчунин, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 04.10.2019, №26/01 мудири шуъбаи таълим - Қурбонмамадов С.Х., мудирони кафедраҳо - Зарипов И.А., Исоева Б.И., Пиров Б.С., Кузибаева Н.К., омӯзгорон- Саидова М.Р., Насреддинов Р.С., Қурбонов Х.Ш., Солиҳев Б.К., Саидов С.М., ассистенти кафедраи фанҳои муолиҷавӣ- Одинаев Б.С., ки бо фаъолияти босамарашон дар пешбурди таълиму тарбия дар донишгоҳ саҳми назаррас гузоштаанд, бо «Ифтихорнома»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
   Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таълим, н.и.ф., Қурбонмамадов С.Х., дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ рукни муҳими давлатдорӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард.
    Донишҷӯи курси чорум Адибаи Рустамдухт дар мавзӯи «Омӯзгор – раҳнамо ба зиндагии шоиста» маърӯза намуд.
 Дастаи ҳунарии Дурахшон барномаи фарҳангии хешро пешкаши аҳли толор намуда, бо рақсҳои мавзун ва сурудҳои дилкаш руҳи тамошобинони хешро болида гардонид.
  Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ муовини ректор, н.и.с., дотсент Аҳмадов Ш. Р., бори дигар аҳли нишастро табрик намуда, барои эшон саломатии бардавом ва дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои беназирро орзу намуданд.

0 Шарҳ 150 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид