Барои ҳар як фард соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. 28 сол аст, ки кишвари маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифаш соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар ватани азизамон офтоби соҳибистиқлолӣ нурафшонӣ мекунад ва бо ин шуълаҳои нурбахшу ҳаётовари худ, бо дилу нияти бунёдкоронааш имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Истиқлолият омили сарҷамъии тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рамзи дӯстї ва мустақилияти ҳар як кишвар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудааст, ки “Истиқлолият беҳтарин сарват ва беҳтарин неъмат барои ҳар як миллат аст, ки он давлату миллати моро насиб гардидааст”.
Истиқлолият такмили раванди худшиносии халқу миллат, бунёди ободии мулк ва кишвар сарвати худогоҳию худшиносӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии мо дар натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзии фарзанди сарсупоридаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омадааст. Дастовардҳои бузургтарини мо дар тӯли 28-соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу субботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, болоравии ҳисси ватандӯстию ватандорӣ дар миёни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҷавҳари асосии истиқлолият ваҳдати миллӣ аст, зеро истиқлолият бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо номи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон машҳуру маъмул намудааст. Имрӯз мардуми шарифи сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарин, пурарзиштарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, хонаи ободу сарбаландии ҳаёт мебошад. Дар заминаҳои гуногуни зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи истиқлолият биноҳои нави замонавӣ қомат афрохта ҳусни Ватанро зеботар гардондааст.Ҷавондухтарони имрӯзаи мо бояд аз решаҳои қадимаи бостонӣ, забони фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатӣ огоҳ бошанд. Бигузор, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳи кишвари азиз ба сӯи ояндаи дурахшон ба сӯи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафар бошад.
Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ