Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

БАС ХУДОДОД АСТ, ИСТИҚЛОЛИ МО !

17 Сентябр 2019 Муаллиф :  

 “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.”

   (Э.Раҳмон.)

   Таҷлили санаи муҳими таърихии 9-сентябр чун Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳиму гиромӣ аст, зеро маҳз ҳамин пирӯзӣ ба мардум ҳуррияту озодӣ ато намуд. Дар дунё халқиятҳои зиёде мавҷуданд, ки аз ин неъмат бенасибанд ва солҳои тӯлонӣ талоши ба даст овардани онро доранд. Хушбахтона, миллати тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш, ки на ҳама вақт чархи гардун бар муродаш мегашт, дар домонаш бузургмардони номвару хирадмандеро офардидааст.

   Ин фарзандони ҷоннисори миллат тавонистаанд, дар лаҳзаҳои душвор бар дифои миллати соҳибтамаддуни хеш овоз баланд кунанд. Аз ҷонбозиҳои Муқаннаву Темурмалик, Исмоили Сомонию  Аҳмади Дониш то хизматҳои арзандаи Садриддин Айнию Бобоҷон Ғаффуров ва хизматҳои ҷавонмардонаву садоқатмандонаи Эмомалӣ Раҳмон ҳама ба хотири муттаҳидӣ ва аз байн нарафтани миллате ба исми шарифи Тоҷик буд, ҳаст ва мемонад.

  Мо ҷавонони имрӯзаи даврони Истиқлол аз ин хизматҳои ҷавонмардонаву арзандаи ин шахсиятҳои бузург, бо тамоми ҳастӣ талош меварзем, содиқонаву аҳлона заҳмат мекашем, то дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамеша зираку ҳушёр бошем, қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Манижа САФАРОВА,  

                                                                          донишҷӯи курси 4-уми 

                                                                факултети тиббӣ

0 Шарҳ 134 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид