Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЁДЕ АЗ ЛОИҚ …

25 Май 2019
Муаллиф :  

Устод Лоиқ Шералӣ дар назми муосири тоҷик чун ситораи тобоне нақши муассири худро бозида, шоири маҳбуб ва ба дилҳои наздики на фақат ҷавонони солҳои 70-90-уми асри гузашта мебошад, балки имрӯз ҳам кам ҷавоне ёфт мешавад, ки аз назми пуршӯри ин шоири зиндаёд ба шавқ наомада бошад.
   Бо ибтикори кафедраи забонҳо чорабинии фарҳангие бо номи «Ёде аз Лоиқ..» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони кафедраи забонҳо, кафедраи морфология ва физиологияи одам, донишҷӯён ширкат намуданд. Сараввал саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. оид ба мақому манзалати Лоиқ Шералӣ дар адабиёти муосири тоҷик, лаҳзаҳои хотирмони тарҷумаи ҳоли шоир суханронӣ намуданд. Донишҷӯи соли аввали факултети педиатрӣ Аминова Шабнам бо овози зинда суруди «Бачагиям бекасу танҳо гузашт»-ро сароиданд, ки хеле дилнишину шӯрангез буд:

Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
 Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт,
                      Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.
Дар сари санге ҳама рӯз интизор
   Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
                Баччагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт.

     Мудири кафедраи забонҳо н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти ин нобиғаи назми муосир суханронӣ намуда, аз силсилаи «Модарнома» чанд шеъре қироат намуданд.
     Саромӯзгори кафедра Қурбонов Х.Ш.оид ба мақому манзалати Лоиқ Шералӣ сухан ронда, дар байни ҷавонони он солҳо шуҳрати зиёде доштани шоири шаҳирро қайд намуда, аз эҷодиёти вай порчаҳо қироат намуданд.
Гурӯҳи донишҷӯёни факултети педиатрӣ ва тиббӣ шеърҳои Лоиқро қироат намуданд. Агар соли 941 дар Рӯдак қофиласолори назми форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз дунё чашм пушида бошад, баъди ҳазор сол дар ин сарзамин шоири дигаре чашм ба дунё кушодааст. Аз ин сабаб дар сари қабри шоир воқеъ дар мавзеи Лӯчоби шаҳри Душанбе шеъри зерин ҳакокӣ шудааст:

    Ман баъди ҳама завол меоям боз,
    Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
      Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 145 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид