Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ПУШКИН – ТУ МЕҲМОНИ ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИКОН ГАШТАӢ…

25 Май 2019
Муаллиф :  

Рӯзи 24-майи соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба зодрӯзи нобиғаи назми классикии рус Александр Сергеевич Пушкин чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки назми оламгири А.С.Пушкин на фақат дар адабиёти рус, балки дар саросари дунё маълуму машҳур аст ва ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, миллионҳо сокинони сайёра аз он ғизои маънавӣ мегиранд.
  Дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи «Пушкин ҳамеша бо мост», саромӯзгори ҳамин кафедра Курбонов Х.Ш. дар мавзӯи «А.С.Пушкин ва адабиёти тоҷик» маърӯза намуданд.
   Донишҷӯи соли аввали факултети тиббӣ Ошурмамадова Ф. доир ба ҳаёту фаъолияти А.С.Пушкин слайдҳои таҳиянамудаи худро намоиш ва шарҳ доданд. Донишҷӯён аз рӯи асарҳои А.С.Пушкин «Лулиён», «Евгений Онегин», «Суруд дар бораи баҳодур Олег» намоишномаҳои омодакардаи худро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Ҳамчунин аз эҷодиёти А.С.Пушкин шеърҳо қироат карда шуданд. Дар охир саҳнаи «Дуэли (ҷанги тан ба атн ) Пушкин бо Дантес» намоиш дода шуд. Қайд кардан лозим аст, ки нақши Пушкинро донишҷӯи соли аввали факултети педиатрӣ Азизов Абдуҳаким иҷро намуданд.
  Дар охир ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон чорабиниро ҷамъбаст намуда, аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки оид ба ин нобиғаи назми ҷаҳонӣ чунин як чорабинии хубе таҳия карда шудааст ва ба масъулину иштирокчиёни он миннатдории хешро баён намуданд.

Мы Пушкину наш праздник посвятили,

Наполнив зал чудесными стихами.

О Пушкине сегодня говорили,

Поэзии волшебными словами

 

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 121 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид