Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК!

10 Май 2019
Муаллиф :  

  9 - май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
    Санаи 8 - майи соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ботантана қайд карда шуд.
    Барои он, ки насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор бошад, дар рӯҳияи садоқат ба ватан ва анъанаҳои падарону бобоёни сарбаландамон тарбия ёбад, хотираи неки шаҳидони ҷангро ҳамеша пос дорад, аз ҷониби волонтёрони муовинати тарбия ва фарҳанг ба омӯзгорон ва донишҷӯён лентачаҳои Георгиевӣ тақдим карда шуданд,
   Аз ҷониби донишҷӯён толори фарҳангии донишгоҳ бо расмҳои каҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, ки баҳри дифои Ватан қаҳрамонӣ нишон додаанд, оро дода шуд.
        Табрикоти ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро муовини ректор оид ба таълим н.и.с., дотсент Аҳмадов Ш.Р. ба аҳли иштирокчиён расонида, ҳамзамон зимни суханронӣ аз қаҳрамонии кормандони тиб дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуданд.
     Сипас, маърузаи донишҷӯи курси сеюм Абдуллоев Муҳибулло бо номи “Шаҳрҳои қаҳрамон” шунида шуд.
   Донишҷӯён аз дастаи ҳунарии «Дурахшон» дар мавзуи Иди Ғалаба шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ намоиш доданд. Сурудҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо маҳорати хеле баланд сароида шуданд, ки касро ба иродаи қавӣ доштан дар роҳи ҳимояи ватан ҳидоят мекарданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ

0 Шарҳ 157 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид