Шӯрои занон ва духтарон ва муовинати тарбия дар санаи 1-уми майи соли 2019 мувофиқи нақшаи баргузории идҳои баҳорӣ ва ба муносибати ҳафтаи ҷавонон, бахшида ба эълон гардидани соли 2019 – “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба мақсади вусъат бахшидани инкишофи инфрасохтори деҳот, дар доираи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмуни “Рӯзғордорӣ” гузарониданд. Баҳри шавқовар гузаштани озмун, то иҷро намудани шартҳо бо ҳамоҳангии дастаи ҳунарии Дурахшон дар алоқамандӣ ба мавзӯи ,,Рӯзғордорӣ” баромадҳои ҷолиби диққат, аз ҷумла, қиссаи "Зани ҳунарманд", сурудҳои “Чойхона”, “Чойники чой”, саҳначаи ҳаҷвӣ ва рақсҳо нишон дода шуданд. Дар озмун, аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, донишҷӯдухтарон иштирок намуданд. Озмун дар ду бахш гузаронида шуд. Бахши аввал “Кадбону” ном дошту бахши дуюм “Ҳунармадӣ”. Маълум шуд, ки ҳамаи духтарон барои иштирок дар озмун омодагии хуб дидаанд ва аз ӯҳдаи шартҳои озмун ба осонӣ баромаданд. Дар байни факултетҳо дар бахши “Кадбону” донишҷӯдухтарони факултети стоматологӣ маҳорати баланд нишон доданд.
Умуман, аз байни 16-нафар иштирокчӣ:
дар тайёр кардани хуриш-Шаҳнозаи Шӯҳратзода, аз гурӯҳи 304 педиатрӣ;
дар буридани ӯгро-Ҷумъаева Гулҷаҳон, аз гурӯҳи 302 стоматологӣ;
дар ороиши мева-Қурбонова Соира аз гурӯҳи 202 тиббӣ;
дар дарздӯзӣ-Ҳусайнова Ситора аз гурӯҳи 105 тиббӣ;
дар ороиши мӯй-Бобохонова Шоира аз гурӯҳи 305 педиатрӣ;
дар тасвири расм-Зифнуни Мирзошо аз гурӯҳи 101стоматологӣ
аз тарафи комиссияи тадорукот сазовори баҳои баланд гардида, ғолибони озмун ҳисобида шуданд.
Шӯрои занон ва духтарон