Дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар ҷамъбасти соли 2018 озмуни навбатии натиҷагирӣ аз сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ баргузор гардид. Аз ҷониби Кумитаи тадорукот дар номинатсияи «Табиби беҳтарини сол» ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳи варзида ва табиби ҳозиқ Убайдулло Қурбон ғолиб дониста шуда, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд. Албатта, боиси ифтихору сарбаландии дуюмин таълимгоҳи тиббии ҷумҳурӣ – ДДТХ мебошад, ки сарвари кордону дар ҷумҳурӣ шинохтаи онҳо ба чунин ғолибият мушараф гардидааст. Ин бори дигар собит месозад, ки саъю кушишҳои пайвастаи ин родмарди сарсупурдаи тиби ҷумҳурӣ ҳам дар фатҳи қуллаҳои нави илми тиб ва ҳам тайёр намудани кадрҳои ояндаи соҳибихтисос барабас нарафтааст. Аз номи тамоми аҳли ин донишгоҳи навбунёд роҳбари ғамхору дилсӯз ва кордони худро барои чунин ғолибият аз самими қалб табрику муборакбод намуда, дар шоҳроҳи зиндагӣ ба Убайдулло Қурбон комёбиҳои нав ба нави эҷодию меҳнатиро таманно дорем.
Бо он фурӯтаниву бо он шикастанафсӣ
Фарди бузургвори даврони мо ту ҳастӣ,
Кашшофи ақлу фитрат, ёбандаи маҳорат,
Андар ҷаҳони дилҳо кишваркушо ту ҳастӣ.
Раёсат, коллективӣ меҳнатӣ ва донишҷӯёни ДДТХ