Раёсат, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ аз хушхабари дар арафаи соли нави мелодӣ гирифтаи худ – ҳимояи номзадии сарвари китобхона Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевна изҳори хушнудӣ намуда, мафсуфро бо ҳимояи бомувафаққияти рисолаи номзадӣ тибрику муборакбод менамоянд. Саидова М.Р. рӯзи 28-уми декабри соли 2018 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Амалҳои сиёсии суъбъект дар давраи таҳвили ҷамъият» таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи философияи иҷтимоии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Баҳовиддинов рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.
Раёсати ДДТХ