Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии Хатлон Шуморо ба ифтихори ҷашни 60 -солагиатон самимона табрик намуда, ба Шумо тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барору комёбӣ таманно доранд.
Ҳамагон хуб медонанд, ки Шумо дар соҳаи таълим, тарбия ва ба камол расонидани шогирдони бомаърифат тамоми донишу ҳастиатонро дареғ намедоред. Ин бошад Шуморо маҳбуби қалби ҳазорон шогирдон ва кормандони донишгоҳ гардондааст. Шумо пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав фаъолияти омӯзгории худро оғоз кардед. Аз соли 1993 дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз 10-августи соли 2016 то кунун дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ҳайси сармутахассис оид ба назорати сифати таълим ва саромӯзгории кафедраи забонҳо адои вазифа намуда истодаед.
Дар таҷлили ҷашни 60-солагии мавлудатон умед ба он дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави камолоти фаъолияти худ комёбиву мувафаққиятҳои бузургро ноил мегардед.
Бори дигар, Шуморо ба ҷашни камолотатон табрику таҳният гуфта, бахту саодати оилавӣ ва муазаффариятҳои фаъолияти кориатонро аз самими қалб таманно менамоем. Бигузор ҳамеша чунин ширингуфтору абармард, масъулиятшиносу ҷойгузини қалби мо боқӣ монед.
Ҷашни 60-солагӣ муборак, устоди азиз!
Бо эҳтироми самимӣ: Раёсати ДДТХ