Санаи 15-ми августи соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон озмун барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи ҳайати профессорону омӯзгорон, ки қаблан дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти №100-101, аз 22 майи соли 2018 эълон дода шуда буд, баргузор гардид. То мӯҳлати муайяншуда ба шуъбаи кадрҳои ДДТХ 60 нафар ҳуҷҷат супорида, дар озмун 50 нафар иштирок намуданд.
Озмун дар 2 марҳила: саволномаҳои тестӣ (саволномаҳои умумӣ, саволномаҳо аз ихтисос, донистани малакаҳои иттилоотӣ ва забони англисӣ) ва хаттӣ (диктант аз забони тоҷикӣ ва забони русӣ) доир карда шуд.
Озмун аз тарафи комиссияи озмунӣ, ки бо фармони ректори ДДТХ таъсис дода шуда буд, санҷида шуда, санаи 18.08.2018 натиҷаи озмӯн эълон карда мешавад.
Шуъбаи кадрҳо