Чоп намудани матн

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ДОНИШҶӮЁН БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН (ДДТХ) БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2018-2019

07 Июл 2018
Муаллиф :  

    Моҳи феврали соли 2016 бо Қарори Ҳукумати ҶТ  дуюмин мактаби олии тиббӣ – Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (ДДТХ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар донишгоҳ айни замон 3 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, 4 шӯъба,  2 Шӯро, 2 марказ ва 6 кафедра фаъолият мекунад.  Кафедраҳои  донишгоҳ, низ дар ин марҳила аз рӯи хусусияти таълимӣ ба кафедраҳои клиникӣ – 1 то, кафедраҳои тиббӣ назариявӣ – 1 то ва умумитаълимӣ - 4 то ҷудо карда мешаванд.

      Ҳайати профессорону омӯзгорон аз 64  нафар иборат буда, теъдоди докторони илм, профессорон - 2 нафар,   номзадҳои илм – 13 нафар мебошад, ки 30 дар сади  дараҷанокии илмиро ташкил медиҳад.

        Шумораи умумии донишҷӯён аз 715 нафар иборат мебошад.

        Таълиму тадриси донишҷӯён  дар давоми курсҳои 1 – ва 2 дар биноҳои таълимии донишгоҳ  ба роҳ монда мешавад.

      Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ  аз   16 000 нусха адабиёти чопӣ иборат аст. Илова бар ин, беш аз 42 000 нусха  захираҳои  электронии адабиёти таълимӣ   мавҷуд мебошад.

      Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон навтаъсис буда, корҳои сохтмони биноҳо ва иншооти он дар ҳаҷми 7 га замин ба таври замонавӣ ва тарҳи миллӣ оғоз гардида, дар оянда  бо навтарин таҷҳизоти техникии таълимию озмоишӣ таъмин карда мешавад. 

Таҳсил дар донишгоҳ  танҳо рӯзона ва бо 2 забон: тоҷикӣ ва русӣ, ба роҳ монда шудааст.

Факултетҳо ва ихтисосҳои донишгоҳ

            Факултет

Рамзи

ихтисосҳо

Номгӯи  ихтисосҳо

Тахассус

Муҳлати таҳсил

Маблағи таҳсили шартномавӣ

1.       

Тиббӣ

 1- 79.01.01

«Кори табобатӣ»

Табиб

6 сол

8010

2.       

Педиатрӣ

1-79.01.02

«Педиатрия»

Табиб

6 сол

6400

3.       

Стоматологӣ

 l-79.01.07

«Стоматология»

Табиб - стоматолог

5 сол

9040

       Ба курси якуми ҳамаи факултетҳои ДДТХ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд шудааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.

     Дар ДДТХ омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ,  инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТХ  мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, тариқи озмун (суҳбат) ва пас аз пардохти музди таълим қабул карда мешаванд.         

      Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТХ ба барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.     

     Таҳсил дар ДДТХ рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст,  дар факултети тиббӣ  6 сол, стоматологӣ 5 сол, педиатрӣ 6  сол   мебошад.

     Довталабон ба комиссияи қабул баъди  гузаштан аз озмӯни ММТ  ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  • хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2-юм дар ихтисос(ҳо)-и интихобкарда.

         Шахсоне, ки дар асоси озмӯни Маркази миллии тестӣ аз имтиёзҳо бархурдор шудаанд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба таври  ҳатмӣ пешниҳод менамоянд:  

  • ғолибони ҷойҳои аввали озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд - тавсияномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ғолибони ҷойҳои аввали олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд  -   тавсияномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд – шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсоне, ки ҳамчун маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2, мебошанд – шаҳодатномаи тиббӣ;
  • ятимон (то 21 сола) – нусхаи хатти вафот   бо тасдиқи натариалӣ,   

     Довталабони зикршуда   бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар муҳлати муқарраргардида, пас аз натиҷаи эълони ММТ  ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Дар мавриди саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ё ҷой доштани камбудию норасоииҳо дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ҳуҷҷати онҳо қабул карда намешаванд. 

 

 Довталабони азиз!  Дар Маркази миллии тестӣ рақами бақайдгирии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  таҳти  115 аст.

Суроғаи донишгоҳ: 735320, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов - 3.

Телефон:  (83312) 21034, 21029,  Факс:  21035;    

E-mail: info@khatmedun.tj

Маълумоти  муфассалро метавонед аз сомонаи донишгоҳ дастрас намоед

Web site: http:// : www.khatmedun.tj 

18 comments 447 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Хабарҳои охир  ADMIN

Шарҳ

We use cookies to improve our website. By continuing to use this website, you are giving consent to cookies being used. More details…

Joomla! Debug Console

Session

Profile Information

Memory Usage

Database Queries