Рӯзи 23-уми декабри соли 2017 дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол» баргузор гардид. Боиси ифтихори сарбаландии мост, ки донишҷӯи соли дуюми факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Комилова Бибисоро сазовори ҷойи аввал гардид.
Қобили қайд аст, ки дар соли тахсили гузашта Бибисоро дар Олимпиадаи байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда буд, аз фанни забону адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида буд. Албатта, чунин мувафаққиятҳои ин донишҷӯдухтар бесабаб нестанд, зеро бо камоли неруву заковати ҷавононааш ҳамеша барои фатҳи қуллаҳои дониш саъю кӯшиш дорад. Ин талошҳо вай албатта барабас намераванд. Тамоми сифатҳои варзидаву ҳамидаи инсонӣ, дониши амиқу ташаббусҳои пайвастааш ӯро дар байни ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯёни донишгоҳ ангуштнамо гардондааст.
Рӯзи 25-уми декабри соли 2017 бошад дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» баргузор гардид ва донишҷӯи соли дуюми донишгоҳи мо Ҳамроев Муҳаммадзамон ба гирифтани ҷойи сеюм дар байни тамоми макотиби олии ҷумҳурӣ мушарраф гардид.
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки ин ду нафар донишҷӯёни соҳибистеъдоди моро дар арафаи соли нави мелодӣ пайки дигаре низ интизор буд. Яъне онҳо ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон (Ҳамроев Муҳаммадзамон) ва стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Комилова Бибисоро) сазовор дониста шуданд.
Албатта, комёбиҳои ин ду толибилми донишгоҳ боиси таҳсину офарин аст ва мо боварӣ дорем, ки минбаъд низ онҳо тамоми неру ғайрати созандаи ҷавониашонро барои сайқалу такмил додани донишу маҳорати касби интихобкардаашон сарф хоҳанд кард.
Аз номи раёсати донишгоҳ, ҳайаати профессорону омӯзгорон ин ду нафар донишҷӯи маҳбуби худро бо дастоварди намоён дар арафаи Соли нави мелодӣ табрик намуда, таманнои онро дорем, ки соли навин комёбиҳои нав ба навро барояш арзонӣ фармояд.