Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, БИБИСОРО!

25 Декабр 2017 Муаллиф :  

       Рӯзи 23-уми декабри соли 2017 дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа  озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол - 2017» баргузор гардид. Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки донишҷӯи соли дуюми факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    Комилова Бибисоро сазовори ҷойи аввал гардид.

      Қобили қайд аст, ки дар соли тахсили гузашта Бибисоро дар Олимпиадаи байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда буд, аз фанни забону адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида буд. Албатта, чунин мувафаққиятҳои  ин донишҷӯдухтар бесабаб нестанд, зеро бо камоли неруву заковати ҷавононааш ҳамеша барои фатҳи қуллаҳои дониш саъю кӯшиш дорад. Ин талошҳои вай албатта барабас намераванд. Тамоми сифатҳои варзидаву ҳамидаи инсонӣ, дониши амиқу ташаббусҳои пайвастааш ӯро дар байни ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯёни  донишгоҳ ангуштнамо гардондааст.

     Аз номи раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ин донишҷӯи маҳбуби худро бо   дастоварди намоён   дар арафаи Соли нави мелодӣ табрик намуда, таманнои онро дорем, ки соли навин комёбиҳои нав ба навро барояш арзонӣ фармояд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ

0 Шарҳ 128 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид