Рӯзи 1-уми декабри соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД чорабинии кафедраи фанҳои клиникии донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раёсати донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён, инчунин як гурӯҳ донишҷӯён аз Донишгоҳи давлатии Данғара ширкат доштанд. Тамоми толорро шиору рӯзномаҳои девории ҳар як гурӯҳҳои донишҷӯён дар мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин вабои даҳшатовари асри кунунӣ, инчунин маводҳои рангини ороишӣ зиннат медоданд.
Ҳамоишро ректори ДДТХ, д.и.т., профессор, Узви вобастаи АИТ ВТҲИА ҶТ Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки бо ибтикори Ташкилоти Умумҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола 1-уми декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубриза алайҳи СПИД таҷлил карда мешавад ва сабаби чорабинии имрӯза низ маҳз ҳамин аст. Мавзӯи ВНМО/БНММ яке аз масъалаҳои мубрами тиб аст, зеро шаҳрвандон дар бораи нишонаҳо, роҳҳои сироят, пешгирӣ ва муносибат бо ҳомилони он маълумоти ночиз доранд. СПИД – синдроми норасоии пайдошудаи масуният – ҳолати вазнине мебошад, ки дар инсон дар заминаи норасоии зоҳиршавандаи масуният инкишоф меёбад ва сабаби он ҷараёни давомноки сирояти ВНМО мебошад.
Дар мавзӯи «СПИД – аз домани ҷавонон мегирад» омӯзгори кафедраи фанҳои клиникӣ Додоҷонов Ҷ.Ю. маърӯза намуда, роҳҳои сироятнокшавӣ, аломату нишонаҳои ин бемории марговарро бо слайдҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин намуд. Ҷавонони имрӯза ҳамчун насли созанда ва ояндадори миллат, махсусан донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ – табибони оянда бояд аз ВНМО ва бемории СПИД огоҳии бештаре дошта, дар кори пешгирӣ ва кам намудани сатҳи нашъмандӣ ва дигар падидаҳои номатлубе, ки барои бемории СПИД замина шуда метавонанд саҳми боризи худро гузоранд.
Омӯзгори кафедраҳои клиникӣ Халифаев И.Р дар маърӯзаи худ «ВИЧ/СПИД – вабои асри ХХI» низ таърихи пайдоиши беморӣ, сабабҳои дар ҷаҳон паҳншавии онро мавриди таҳлил қарор доданд. Қайд карда шуд, ки ВНМО бе ягон нишонаи клиникӣ буда, вирус дар дохили хун ҷой дорад. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат накунад ва аз дору истифода набарад, ин вирус дар хун инкишоф меёбад ва бо гузашти солҳо ба бемории маргбори СПИД мубаддал шуда метавонад.
Дар рафти чорабинӣ ба ҳамаи ҳозирин тасмачаи сурх, ки рамзи мубориза алайҳи СПИД дар тамоми ҷаҳон мебошад ва варақаи иттилоотӣ «5 қадам ба сӯи нигоҳдории ВНМО. Ёддошт барои ҷавонон» тақсим карда шуд.
Презентатсияи «Бузугтарин неъмати дунё ҳаёт мебошад» ба шарҳи донишҷӯи соли дуюми факултети тиббӣ Муҳаммади Саидмустафо хеле ҷолибу хотирмон буд. Баъдан намоиши театрикунонидашудаи «Мо ҷавонон бар зидди СПИД» ба марази тамошо гузошта шуд. Барандагии ҳамоиши мазкурро донишҷӯёни соли дуюми факултети тиббӣ Комилова Бибисоро ва Ҳамроев Муҳаммадзамон ба ӯҳда доштанд. Аз рӯи озмуни рӯзномаи беҳтарини деворӣ дар мавзӯи «ВНМО/СПИД» гурӯҳи 105-106-и факултети педиатрӣ ѓолиб дониста шуд.
Дар охир ректори ДДТХ, д.и.т., профессор, Узви вобастаи АИТ ВТҲИА ҶТ Убайдулло Қурбон маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба ташкилкунандагону иштирокчёни ҳамоиш аз номи раёсати донишгоҳ орзи миннатдории худро баён намуда, қайд карданд, ки донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ бояд пешоҳанги мубориза бар зидди бемории СПИД бошанд.
Кафедраи фанҳои клиникӣ