Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

16 Октябр 2017
Муаллиф :  

 Рӯзи 5-уми октябри соли 2017 дар толори фарҳангии ДДТХ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона ва барномаи адабию фарҳангӣ баргузор гардид.

       Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии ҶТ табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки рисолати бузурги забон ва омӯзгор дар ҷомеаи имрӯзаи мо баҳснопазир аст, чунки яке асоси бақои миллат ва дигаре пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассугари ростию росткорист.

       Дар ҳақиқат, дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули афкору хиради инсоният маҳз саҳми омӯзгорон назаррас аст. Дар асоси фармоиши ректори  ДДТХ омӯзгорони зерин бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд:

  1. Зарипов И.А. – мудири кафедраи морфология ва физиологияи одам
  2. Аҳадов Ш.Ф. – омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ
  3. Должикова В.А. – дотсенти кафедраи забонҳо
  4. Бустонов М.О. – дотсенти кафедраи морфология ва физиологияи одам
  5. Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳо
  6. Мамадалиева С.А. – омӯзгори кафедраи забонҳо
  7. Самиев С. – омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика
  8. Қурбоналиев Ҷ. - омӯзгори кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика

     Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А. дар мавзӯи «Рисолати омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза» маърӯза намуда, ба шарофати панду ҳикмат ва дарсҳои устоди соҳибхирад дар зиндагӣ муваффақу комёб гардидани инсон ва дар ҷомеа мавқеи хос ишѓол намуданашро таъкид намуд.

    Мудири кафедраи забонҳо номзади илмҳои филологӣ Қурбонмамадов С.Х дар мавзӯи «Шукуҳмандии забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол» маърӯза намуда, қайд намуданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бойтарин ва қадимтарини сайёраамон ба шумор меравад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд  онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон вазифадорем забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагию равонии он ҳамеша саҳмгузор бошем.

     Сипас барномаи адабию фарҳангӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Сурудҳои марѓуби донишҷӯи соли аввал Шукуров А. ба забони тоҷикӣ, донишҷӯи соли дуюм Ёралиева Н. ба забони англисӣ,  донишҷӯи соли дуюм Раҷабов Н. ба забони русӣ писанди ҳамагон гардид. Донишҷӯи соли аввал Дустамамадова Г. рақси зебову марѓуби бадахшониро бо маҳорати хоссае иҷро намуд. Монологи ҳаҷвии донишҷӯи соли дуюм Шукуров Дамир ва саҳначаи ҳаҷвии донишҷӯёни соли дуюм Қобилов А. ва Содиқов А.  табъи ҳозиринро хеле болида намуд.

     Дар охир ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ин маҳфили хотирмонро ҳусни хотима бахшида, бори дигар ҳамагонро ба ин ду ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, ба донишҷӯён ва ташкилкунандагони барномаи рангини адабию фарҳангӣ изҳори сипос намуданд.

                                                          Кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 134 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид