Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ОЗМУНИ ҚАБУЛИ КОРМАНДОН ДАР ДДТХ

21 Август 2017
Муаллиф :  

    Рӯзи 11-уми августи соли 2017 озмунин қабули кормандон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    баргузор гардид. Ба озмун мутахассисони фанҳои гуногун дар асоси эълони дар сомонаи донишгоҳ интишоршуда  ҳуҷҷатҳои худро супорида буданд. Озмун дар ду баст – барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасони техникӣ (лаборантҳо) гузаронида шуд. Барои ҳайати профессорону омӯзгорон озмун аз шартҳои зерин иборат буд: малакаи донистани компютер, саволҳои тестӣ аз ихтисос, саволҳои тестӣ аз педагогика, кори хаттӣ аз забони тоҷикӣ ва русӣ. Барои кормандони ёрирасони техникӣ бошад малакаи донистани компютер, кори хаттӣ аз забони тоҷикӣ ва русӣ муқаррар карда шуда буд. Дар озмун зиёда аз 20 нафар омӯзгорон аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, немисӣ, физика, информатика, таърихи халқи тоҷик, гистология ва ѓайра ва зиёда аз 15 нафар  кормандони ёрирасони техникӣ ширкат намуданд. Озмун ба тариқи шаффоф баргузор гардида, иштирокчиён аз тарзи баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин ба иштирокчиён пурсишномаи махсус барои муайян намудани фикру ақидаашон оид ба сабаби маҳз донишгоҳи тиббии Хатлонро барои кору фаъолият интихоб намудан пешниҳод карда шуд.

6113 comments 13809 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Шарҳ

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид