Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2017-2018

01 Август 2017
Муаллиф :  

 Қоидаҳои қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (минбаъд ДДТХ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  таҳия шудааст.

       Ба курси якуми ҳамаи факултетҳои ДДТХ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки шаҳодатномаи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, дипломи намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар он гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд шудааст ва инчунин дипломи намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд.

       Дар ДДТХ омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.  Пардохти музди яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ – 7700 сомонӣ, стоматологӣ – 8690 сомонӣ ва педиатрӣ  - 6160 сомониро ташкил медиҳад.

       Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ,  инчунин хориҷиёну шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДТХ  мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, тариқи озмун (суҳбат) ва пас аз пардохти музди таълим қабул карда мешаванд.  

         Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба ДДТХ ба барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.     

        Таҳсил дар ДДТХ рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст,  дар факултети тиббӣ  6 сол, стоматологӣ 5 сол, педиатрӣ 6  сол   мебошад.

            Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли №086У);
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  • хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои якум ва 2-юм дар ихтисос(ҳо)-и интихобкарда.  

             Шахсоне, ки дар асоси озмӯни Маркази миллии тестӣ аз имтиёзҳо бархурдор шудаанд, ҳуҷҷатҳои зеринро ба таври  ҳатмӣ пешниҳод менамоянд:  

  • ғолибони ҷойҳои аввали озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд - тавсияномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ғолибони ҷойҳои аввали олимпиадаҳои байналмилалӣ аз рӯи фанҳои химия ва биология соҳиби медали тилло гардидаанд  -   тавсияномаи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд – шаҳодатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсоне, ки ҳамчун маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2, мебошанд – шаҳодатномаи тиббӣ;
  • ятимони бе падару модар (то 21 сола) – нусхаи хатти вафот   бо тасдиқи натариалӣ,   

     Довталабони зикршуда   бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар муҳлати муқарраргардида ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд. Дар мавриди саривақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва ё ҷой доштани камбудию норасоииҳо дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ҳуҷҷати онҳо қабул карда намешаванд. 

 

 Қабули ҳуҷҷатҳо аз  _____ август  оғоз ёфта то _____ августи соли 2017 идома меёбад.   

 

                                                    Нишонии мо:   735320, н. Данғара,  кӯчаи И.Шарифов -3.

                                                                         Комиссияи қабул                      Тел.: (83312) 21034, 21029

                                                                                                                        E-mail:   This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

0 Шарҳ 121 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид