Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ОЗМУНИ «ГУЛБАЗМИ НАВРӮЗӢ»

16 Март 2017
Муаллиф :  

      Ба мақсади баргузор намудани идҳои баҳорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ тартиб дода шуда, дар асоси нақшаи мазкур рӯзи 15-уми марди соли 2015 дар толори фарҳангии ДДТХ озмуни гулбазми Наврӯзӣ» баргузор гардид. Низомномаи озмун ва шартҳои иштирок дар он таҳия шуда, ба самъи ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ расонида шуд. Шартҳои озмун аз инҳо иборат буданд:

  1. Дуруст ва мувофиқи меъёри шеърхонӣ қироат намудани шеърҳо.
  2. Доштани сару либоси миллӣ
  3. Интихоби шеър на камтар аз панҷ ва на зиёдтар аз даҳ байт
  4. Шеърҳо аз адабиёти классикӣ ва муосири форсу тоҷик, эҷодиёти шифоҳии халқ интихоб шуда метавонанд. Инчунин довталабон метавонанд шеърҳои эҷодкардаи худро пешниҳод намоянд.
  5. Забони «Гулбазм» - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
  6. Довталабон пеш аз иштирок дар озмун бояд аз суҳбати омӯзгорони кафедраи забонҳо гузаранд.

 

   Дар озмун донишҷӯён Адибаи Рустамдухт (гурӯҳи 9-уми тиббӣ), Азизӣ Муҳаммадфайёз (гурӯҳи 8-уми тиббӣ), Шарифова Робия (гурӯҳи 1-уми педиатрӣ),Нилуфари Алишер (гурӯҳи 9-уми педиатрӣ), Ҳабибова Зуҳал (гурӯҳи 10-уми тиббӣ), Мақсудова Зулола (гурӯҳи 10-уми тиббӣ), Қодирова Нигора (гурӯҳи 8-уми тиббӣ) ширкат намуданд.

    Ҳайати ҳакамон – сардори Шуъбаи таълими ДДТХ, н.и.т., Қузибоева Н.К., муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., мудири  кафедраи забонҳо, д.и.ф. Тағоймуродов Р.Ҳ., муаллими калони кафедраи забонҳо, сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. қироати шеърҳои иштирокчиёнро оид ба баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз бо камоли диққату қаноатмандӣ гӯш карданд. Дар ҷамъбасти озмун мудири  кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филологӣ Тағоймуродов Р.Ҳ. ҳусну қубҳи шеърҳои қироаткардашударо муфассал таҳсил намуда, ба иштиркочиён озмун барои ширкаташон арзи миннатдории хешро баён намуданд.

   Дар фарҷоми ин чорабинӣ сардори Шуъбаи таълими ДДТХ, н.и.т., Қузибоева Н.К. ба ширкаткунандагон барои иштироки фаъолона ва тайёрии пухтаашон аз номи раёсати донишгоҳ арзи сипос намуда, дар фаъолияти таълимию фарҳангии онҳо комёбиҳои нав ба навро таманно намуданд.

Кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 136 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид