Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Артиши Миллӣ – сипари боэътимоди сулҳу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 Феврал 2017
Муаллиф :  

       Рӯзи 22-феврали соли 2017 дар толори асосии ДДТХ ҳамоише бахшида ба 24-умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Ин маҳфили пуршукуҳро аз номи ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдуллои Қурбон иҷрокунандаи вазифаи муовини  ректор оид ба таълим, дотсент Конбобоева Н.К. ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки имрӯз ба ифтихори санаи фархунда, яъне 24-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ, кафили сулҳу осудагии ҳар хонадон ва сипари боэътимоди ватани маҳбубамон ҳисоб меёбад, дар ин толор ҷамъ омадаем. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки  шуруъ аз соли таҳсили 2017 – 2018  Донишгоҳи тозабунёди тиббии Хатлон низ ба яке аз маркази асосии омода сохтани мутахассисони олии ҳарбии тиббӣ табдил меёбад. Дар ояндаи наздик  аввалин хатмкунандагони  донишгоҳи мо дар гушаҳои гуногуни кишвар ҳамчун мутахассисони тибби ҳарбӣ бомуввафақият хизмати софдилонаи худро дар назди Ватану миллат адо хоҳанд намуд. Ба фаъолият шуруъ намудани  кафедраи тибби ҳарбӣ бовари аст, ки кормандони  он  барои   омода намудани кадрҳои баландихтисоси тибби ҳарбӣ кӯшишу заҳмати зиёде бояд ба харҷ диҳанд.  Ёдовар мешавем, ки хатмкунандагони мо дар баробари шаҳодатномаи тахасусӣ гирифтан,  инчунин соҳиби шаҳодатномаи афсари тибби ҳарбӣ мегарданд.  Барои ноил гардидан ба ин ниятҳои нек, роҳбарияти имрӯзаи донишгоҳро зарур аст, ки барои  таъсиси кафедраи тибби  ҳарбии донишгоҳ ва таъмини шароитҳои беҳтарини таҳсил чораандешӣ намоянд.

     Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод ва кафили сулҳу осоиши кишварамон аз рӯзҳои аввали ба даст овардни истиқлолияти миллӣ нақши боризи худро гузошта истодааст. Мудири кафедраи ҷомеашиносии ДДТХ, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. дар мавзӯи  «Артиши Миллӣ – сипари боътимоди сулҳу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд намуданд, ки 23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Дар маърӯза оид ба  таърихи ташкил шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти  муфассал дода шуд.

       Дар иҷрои гурӯҳе аз донишҷӯён суруди “Горди миллӣ” танинандоз гардид, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ суруда шуд. Донишҷӯён Баҳоваддинова Ш. – (9 тиббӣ), Сайдвалиева Н.  (9 тиббӣ), Ҳамроев М. – (Комилова Б. – (9 тиббӣ),  (Иброҳимзода С.  ( 2 стоматологӣ, Азизов Ш.  (1 тиббӣ), Адибаи Рустамдухт– (10 тиббӣ) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, италянӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ табрикоти худро бахшида ба ин ҷашни фархунда қироат намуданд. Донишҷӯён Раҷабов Н., Розиқов В. бо иҷрои суруди “Қасам”, Набиева М. (гурӯҳи 4-уми стоматологӣ) хотири аҳли нишастро болида намуданд. Инчунин саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамудаи донишҷӯён низ ба ин маҳфил ҳусни тозае бахшид.

     Озмуни беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҷамъбаст карда шуда, ғолиби он гурӯҳҳои 9-10-уми педиатрӣ дониста шуданд.

   Дар охир иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба таълим дотсент Конбобоева Н.К. ба маҳфил ҳусни анҷом бахшида ба баргузоркунандагон ва иштирокчиён ҳамоиш аз номи раёсати донишгоҳ арзи миннатдорӣ намуда, бори дигар ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод намуданд.

         Иттифоқҳои касаба ва Шуъбаи кор бо ҷавонон

0 Шарҳ 127 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид