Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳои нахустин дар соҳаи варзиш

21 Феврал 2017 Муаллиф :  

  Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои варзишӣ, ки аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара бахшида ба эълон гаштани “Соли 2017-Соли ҷавонон” роҳҳандозӣ гардидааст, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин чорабиниҳои варзишӣ иштирок намуданд.

 Дар таърихи 11.02.2017с. дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара мусобиқа аз рӯи намуди “Гуштини миллӣ” баргузор гардид.

Дар вазни 65кг донишҷӯи курси 1-уми факултаи тиббӣ Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода,бо усули зебои ба худ хос,усули сари зону, 3-ҳарифи хешро ба тахтапушт афтонд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар даври нимниҳоӣ ҳарифи вай аз ҷамоати “Саргазон”,ки бениҳоят паҳлавони пуртаҷриба буд, ба майдон баромад. Дар ин сабқат Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланд нишон дод,аммо доварон фаъолнокиро ба ҳарифи ӯ мансуб донистанд.

Ҳамин тариқ, дар вазни 65кг,аз шумораи 48-нафар Азизӣ Муҳаммадалӣ сазовори ҷои 3-юм гардид.

       Дар саннаи 17-18.02.2017с мусобиқа аз рӯи намуди “Волейбол” байни дастаҳои писарона ва духтаронаи ташкилот ва муассисаҳои ҷамоатҳои н. Данғара тибқи “Низомнома”-и бахши ҷавонон,варзиш ва сайёҳии н.Данғара бахшида ба”Соли ҷавонон” баргузор гардид.

Дастаи писарона ва духтаронаи ДДТХ дар ин мусобиқа ширкат варзиданд. Дастаи писаронаи ДДТХ дар бозии аввал бар дастаи ҷамоати “Оқсу”, дар бозии дуввум бар дастаи “Коллеҷи тиббӣ” пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Мутаассифона,дар даври нимниҳоӣ аз дастаи ҷамоати “Шаҳрак” мағлуб шуда, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Дастаи духтаронаи ДДТХ бошад,дар даври аввал озод буда,дар даври дуюм бар дастаи “Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявӣ” ғолибият ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Дастаи духтаронаи ДДТХ дар даври нимниҳоӣ бо дастаи “Мактаби варзишӣ”вохӯрда,дар натиҷа, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Ин дастовардҳои нахустин дар соҳаи варзиш аз тарафи донишҷӯёни ДДТХ дар “Соли ҷавонон” фоли нек буда, боварӣ дорем,ки дар оянда дар дигар мусобиқаҳои варзишӣ баромад намуда, бонишондодҳои хуб ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.

Мудири кафедраи “Ҷомеашиносӣ”                     Гулов.А.А

0 Шарҳ 134 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид