Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар толорҳои ДДТХ устодону кормандон ва донишҷӯён ба таври мустақим Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар он сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан инъикос ёфт.
Пешвои миллат дар паёми худ аз ҷумла зикр намуд, ки дар давоми соли сипаригардида Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосӣ – буҳрони молиявию иқтисодиро аз сар гузаронид. Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат соли гузашта ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат зиёд гардидааст. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки амалишавии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то 4 баробар зиёд шудааст. Буҷаи даромади давлатӣ дар 15 соли охир аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ бошад 25 баробар афзоиш ёфтанд. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзудааст, ки ин имконият додаст то ки сатҳи камбизоатӣ се баробар паст гардад.
Ҳамзамон дар Паём таъкид карда шуд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бояд тамоми захираву имкониятҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар намоем.
Бояд гуфт, ки сарвари давлат доир ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, оиди давра ба давра боз ҳам суръат бахшидани иқтисодиёти миллӣ ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зинаҳои гуногун вазифадор карда шуданд.
Дар паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши иҷтимоӣ ва фароҳаам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ҳадафи афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳалли проблемаву мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад ва сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ маблағгузориро барои рушди онҳо торафт зиёд мекунад. Ногуфта намонад, ки мақсади асосии Ҳукумати мамлакат дар ин самт аз он иборат аст, ки ҳифзи иҷтимоии мардум ҳарчӣ беҳтар таъмин гардад, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушди бештар пайдо намоянд, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ тавсеа ёбад, барои тарбияи кӯдакону наврасони солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ шароити мусоид муҳайё карда шавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар хотимаёбии соли 2016 пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гаштани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ки пеш аз ҳама ин иқдом аз ташабускориҳои Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Ба таври хулоса, метавон қайд кард, ки паёми сарвари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, на танҳо дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамонро ба таври равшан муайян намудааст. Пас вазифаи имрӯзаи ҳар яки мост, ки нишондодҳои Паёми сарвари давлатро ҳаматарафа омӯхта, барои дар ҳаёт татбиқ гаштани онҳо аз тамоми воситаю имкониятҳои дар ихтиёрамонбуда пурсамар истифода барем.