Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ИСТИҚЛОЛИЯТ

25 November 2016
Муаллиф :  

    Рӯзи 23-уми ноябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ  маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Ба ҷамъомад  муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба таълим дотсент Ғафуров Б.  ҳусни оғоз бахшида, дар бораи  арзишу  моҳияти  Парчами миллии ҶТ  барои мардуми тоҷик   сухан намуданд.

  Омӯзгори   кафедраи ҷомеашиносӣ   Саидова М.  дар мавзӯи «Парчами миллӣ-ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон»    баромад намуда, қайд намуданд, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будааст, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Хушбахтона, мо тоҷикон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ соҳиби парчами миллӣ- таҷассумгари гузаштаи пурифтихори ниёгонамон гардидем. 

   Донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети тиббӣ Комилова Б.-ро дар мавзӯи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи сарбаландӣ ва худшиносии миллӣ» баромад намуда, ибрози назар намуданд, ки  7 сол боз боифтихору   шукуҳу шаҳомати хосса  Рӯзи Парчами миллии худро ҳамчун нишони эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллии кишварамон  ҷашн мегирем. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра чи дар чорабиниҳои сиёсӣ, чи дар анҷуманҳои фарҳангӣ, чи дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд мегардад.

   Донишҷӯён Ғайратова Н. (гурӯхи 8-и педиатрӣ), Маҳмудова Мавзуна (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Махсудова Зулола (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Исмоилзода Махфират  (гурӯхи 8-и педиатрӣ),  Валиева Шаҳноза   (гурӯҳи 8-и педиатрӣ), Ҳамроев Муҳаммадзамон (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Сафарова Меҳрбону (гурӯҳи 9-и тиббӣ),  Баҳовуддинова Шоиста (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Сайдвалиева Насрина  (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Нилуфари Алишер (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Адибаи Рустамдухт  (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Ғайратова Наврӯза  (гурӯҳи 7-и педиатрӣ), Қодирова Нигора (гурӯҳи 7-и тиббӣ), дар васфи Парчам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  шеърҳо қироат намуданд. Донишҷӯи гурӯҳи 7-и тиббӣ Қодирова Нигора сурудеро     васфи Ватан сароиданд.

    Донишҷӯён дар викторина бахшида ба Рӯзи Парчам бо шавқу сурур   фаъолона  иштирок намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас доданд.

   Барандагии маҳфилро донишҷӯи гурӯҳи 10-и тиббӣ Ҳабибова Зуҳал  ва донишҷӯи гурӯҳи 1-уми факултети тиббӣ Насимҷон Фозилов ба уҳда доштанд.

   Дар охир муовини ректори ДДТХ  оид ба таълим дотсент Ғафуров Б. ҷамъомадро ҳусни хотима бахшида, ба Комилова Бибисо,  Адибаи Рустамдухт, Ғайратова Наврӯза, Раҷабов Наимҷон, Насимҷон Фозилов  барои иштироки фаъолонаашон дар чорабинии Рӯзи Парчам  ифтихорномаҳои роҳбарияти донишгоҳро супорид.

Кафедраи ҷомеашиносӣ

0 Шарҳ 220 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид