Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дар ДДТХ маҳифили илмию адабӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор шуд

01 October 2016
Муаллиф :  

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо чунин суханон ҳусни оғоз бахшиданд. 

  Имрӯз мову Шуморо ёди бузургворе ба ҳам овардааст, ки тамоми умри пурбаракати хешро сарфи тарбия ва роҳнамоӣ ба сӯи  маънавиёти  инсоният ҳидоят намудааст, ки уро ном Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аст.

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) яке аз нобиғаҳои адабиёти оламшумули классикии форсу тоҷик мебошад, ки бемуҳобот ба ҳайси бузургтарин суханвар  шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст. Ин адибу орифи бузург на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсизабонону Шарқ, балки кулли ҷаҳон мақому ҷойгоҳи баланд доранд. Осори гаронбаҳои ӯ, махсусан «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир», ки бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» низ машҳур аст, дар ганҷинаи тамаддуни оламиён ҷойи сазовореро ишғол кардаанд.

Бемуҳобо, агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таърихномаи муназзаму муаззами наҷобату қаҳрамониҳои ниёгони сарафрози мо бошад, «Маснавии маънавӣ»-ро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номиду шуморид.

Панду андарзҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно барои ҳар як фарди ҷомеа новобаста аз дину мазҳаб, ирқу нажод, забону миллат муассиру судманд мебошанд. Дар замоне, ки раванди ҷаҳонӣ шудан босуръат идома дорад ва таҷоҳуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, умед аст, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно чун сипар ахлоқи ҳамидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд. Боиси хурдсандист, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30-юми сентябр ҳамчун Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз мо дар ин толор барои он ҷамъ омадаем, ки бори дигар аз ин орифи бузург ёд оварем, чунки аз нигоҳи Мавлавӣ инсон ҳарчанд ба зоҳир олами хурд аст, вале дар маъниву моҳият олами бузург буда, шарифтарину бузургтарин офаридаи олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад.

 

 Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомеа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро меварзиду мепарварид.

Мардуми сарзаминро гарчанде манфиатҳои умумии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳиду муттасил созанд ҳам, мазҳабу дину расму ойини гуногун андаке ночаспону парешонашон нигаҳ медоштанд.

Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки роҳнамои  мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату ягонагии ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру замонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.

Ана дар ҳамин шароити нобасомони мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро ба майдони афкори тамаддун андохт, ки филфавр аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъд ба эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири амиқе гузошт, ки ҷавҳари онро хитобаи зерини мутафаккири ваҳдатгаро ва суфии сулҳошно инъикос карда метавонад, ки ҳамгунаҳояш дар осори шоир фаровону фурӯзонанд.

Имрӯз аз даргузашти ин орифи Рум зиёда аз 800 сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол эҷодиёти ӯ дили миллионҳо мардуми кураи заминро тасхир намуда, асари оламшумули ӯ «Маснавии маънавӣ» дар радифи беҳтарину нобиғатарин офиридаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Омӯхтани ҳаёту осори ин абармарди орифу тавоно имрӯз ҳам барои ҷавонони мо бояд намунаи ибрати олӣ бошад, чунки сулҳу ваҳдати тарғибнамудаи Мавлоно имрӯз барои кишвари мо аҳамияти бештаре пайдо кардааст».

  Баъдан, тибқи барномаи маҳфил муаллими калони кафедераи забонҳо Одинаев С.П., дар мавзӯи «Зиндагинома ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филология Тағоймуродов Р. Дар мавзӯи «Мафҳуми най дар эҷодиёти Мавлоно»  баромад намуданд.

Сипас базми шеъру суруд аз эҷодиёти Мавлоно дар иҷрои донишҷуён Ғайратова Н. (гурӯхи 8-и педиатрӣ), Валиева Ш. (гурӯҳи 7 педиатрӣ), Ҳабибова Зуҳал (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Раҷабов Н. (гурӯхи 8-педиатрӣ), Ҳамроев М. (гурӯҳи 10-и тиббӣ),  Абдуллоев М. садо дод. Донишҷӯи гурӯҳи 8-уми педиатрӣ Исмоилзода Мағфират суруди марғуберо аз эҷодиёти Мавлоно сароиданд. Донишҷӯёни гурӯхи 4-уми стоматологӣ – Маҳмадҷонов С., Абдуллоев М., Самадов М.  бо суруди дилнишин ва донишҷӯи гурӯҳи 8-уми факултети педиатрӣ Ғайратова Мавзуна бо рақси шӯрангези худ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

Ба чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни хотима бахшида,  бори дигар таъкид намуданд, ки эҷодиёти пурғановати Мавлои Рум барои худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдату ягонагии мардуми кишварамон, махсусан ҷавонон нақши муассире дорад.

Кафедраи забонҳо

0 Шарҳ 221 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид