Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

БАХШИДА БА ДАҲСОЛАГИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ "ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР"

13 Декабр 2017

Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз ҳастии оби файзбор аст.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад.

 

Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо ҷувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тољикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.

Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт ва чун неьмати бебаҳо тасвир гардидааст ки, Қуръон намунаи олии он аст. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, шоир ба ин маъни таъкид намудааст:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани ону сарфакорона истифода бурдани , ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Мантиқан хеле дуруст аст, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, яъне масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯйи замин аст, иртибот доранд.

Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ истифода гардад Аз ин рӯ, ҷиду ҷаҳди асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст ки, кушишҳои давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби тоза дар минтақаҳои гуногуни олам муттаҳид карда шуда минбаъд ба як маҷро ва самти зарури равона гарданд.

Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ ӯ қарор дорад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад.

Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замонҳои қадим ин ҷониб тақдири худро бо об пайваст медонанд, зеро он сарчашмаи ҳаёти инсон ва раванди пешбурди ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад, норасоии обро имрӯз аз се яки ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунанд, мушкилоти давлатҳои ҷахонро ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028-ро даҳсолаи навбатии амал “Об барои рушди устувор” эьлон намудаанд. Аз ин хотир, ҳар фарди имрӯзаи чомеаро лозим аст, ки баҳри ободиву шукуфоии табиати файзбори кишвар бунёди гулгашту хиёбонҳои нав ҳифз ва дустдории воқеии ҳар қатра обу ҳар зарра хоки поки Тоҷикистон, бо амри дилу виҷдон саҳмгузор бошад.

Иброҳимов Р.С.омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ

0 Шарҳ 190 нафар мутолиа намуданд
Тег :

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид