Санаи 30-юми августи соли 2024 мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзозода Ҳабибулло ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф овард. Ҳадафи ташрифи мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ДДТХ шинос шудан бо шароиту имкониятҳои донишгоҳ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишгоҳҳо ва муассисаҳои бонуфузи тиббии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ДДТХ мебошад.
Ректори ДДТХ, д.ит., профессор Убайдулло Қурбон мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзозода Ҳабибуллоро расман қабул намуд. Зимни суҳбат масъалаҳои муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон, имкониятҳои донишгоҳҳоии тиббии Ҳиндустон, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси ҲПО, ҷалб намудани донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои пешқадами Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти илм, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
Дар фарҷоми суҳбат мушовири сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзозода Ҳабибулло аз пазироии гарму самимии раёсати ДДТХ изҳори сипос намуд ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ва тандурустиро саривақтӣ ҳисобида, омода будани сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон барои ҳамкориҳои судманд, бахусус, дар соҳаи тандурустиро қайд намуд.
Шуъбаи равобити байналмилалии ДДТХ.