Санаи 5-уми сентябри соли 2024 бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз ҷониби муовинати илм ва нашрия ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Истиқлолият неъмати бебаҳост” баргузор гардид. Дар конфронси мазкур, ҳамзамон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара низ ширкат варзид.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва нашрия, дотсент Боронов Ҳ.А. оғоз ёфт ва мавсуф аз муҳиммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин ва нодиртарин ганҷи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад ва эҳтирому арҷгузорӣ ва нигоҳдории он вазифаи ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар навбати худ мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Гулов А.А. дар мавзуи “Истиқлолият дастоварди беназири миллати тоҷик», омузгорон: Мардонова Н.М. дар мавзуи «Истиқлолият-рамзи сулҳу ваҳдат», Қураева М.Қ. дар мавзуи «Дастовардҳои даврони истиқлолият», Шералиев Б.Р. дар мазуи «Истиқлолият - ганҷи бебаҳои миллати тоҷик» ва Нурматов У.С. дар мавзуи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» маърузаҳои худро пешниҳоди ҳозирин намуда, аз бузургдошти ҷашни Истиқлолият, дастовардҳои замони Истиқлол, хизматҳои нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамаҷониба рушд додани давлати тоҷикон, мавриди таваҷҷуҳ қарор додани соҳаи маориф ва тандурустӣ, шароитҳои фароҳамовардашуда ба соҳаи тандурустӣ дар замони истиқлол сухан намуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар ҷамъбасти кори конфронс барои баргузорӣ ва арҷгузорӣ ба ин неъмати бебаҳои миллати тоҷик изҳори сипос намуда, андешаҳои олимони донишгоҳро муҳим ва ҷолиб арзёбӣ намуд.
Хабарнигори сомона.