Санаи 4-уми сентябри соли 2024, чун анъана, вохӯрии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо донишҷӯёни курси аввали факултети тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, тибби профилактикӣ ва фармасевтӣ дори гардид.
Нахуст Ректори донишгоҳ донишҷӯёни курси аввалро барои сазовор гардиданд ба номи “Донишҷӯӣ” табрику шодбош намуд. Ҳамзамон, бо шинос намудани аъзои Раёсат ба донишҷӯён, Ректори донишгоҳ перомуни мақсади баргузории вохӯрӣ, имконияту шароитҳои таълиму тадрис, ҳар чӣ бештар хондану аз худ намудани донишҳои тиббӣ, масъулиятнокии донишҷӯён дар тадрис, мақому манзалати табиб, душвориҳо ва нозукиҳои илми тиб бо донишҷӯён суҳбат намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба таърихи донишгоҳ, давра ба давра беҳтару хубтар гардидани шароиту имкониятҳо, дастовардҳои донишҷӯён дар давоми 8 соли фаъолияти донишгоҳ, заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ, аввалин хатмкунандагон, фаъолияти китобхонаву лабораторияҳои фаннӣ ва дигар масъалаҳои таълимӣ суҳбат намуд.
Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. дар маҷмуъ доир ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг суҳбат намуда, ҳамзамон, аз риояи либоси тавсиявӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, робитаи кураторон бо волидайни донишҷӯ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбия, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, бадеӣ ва сиёсии донишгоҳ ва берун аз онро таъкид намуд.
Декани факултетҳо, н.и.т. Холзода Ш.И. вобаста ба Қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯ, рафтору муносибати донишҷӯён, иштироки фаъолона дар дарсҳо, роҳ надодан ба дермонӣ ва давомот, риояи қатъии сару либос суҳбат намуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон дар чунин сатҳ баргузор гардидани суҳбат-вохӯриро бо донишҷӯёни соли аввал қаноатбахш ҳисобида, риояи тамоми уҳдадорӣ ва вазифаи донишҷӯиро дигарбора таъкид намуд.
Хабарнигори сомона.