Ҳозирини гиромӣ, меҳмонони арҷманд!
Устодон ва шогирдони азиз!
Боиси ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки имрӯз мо дар саҳни ин боргоҳи маърифат бо ҳузури мубораки ҳар кадоми Шумо ҷашни басо хотирмон – «Рӯзи дониш»-ро таҷлил менамоем. Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад ва аз он меболем ки имрӯз дар саросари кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз 1-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи Дониш» бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдони азизро бо оғози соли нави таҳсил, Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ самимона шодбош намуда, ба Шумо рӯзгори пурфайзу баракат, фазои сулҳу осоиштаи ватан ва хониши хубу аълоро таманно менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба Рӯзи дониш барҳақ қайд намуданд, ки: Баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад. Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».
Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат мо аҳли илму маорифро вазифадор месозад, ки беш аз пеш ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавони ҷомеа диққат диҳем. Зеро ба қавли Абушакури Балхии бузургвор:
Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад боғбон
Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.
Ҳаким Фирдавсии нобиғаи давронҳову замонҳо беҳтарину волотарин суханеро дар сифоти бузургиву аҳаммияти дониш офаридааст, ки бемуҳобо, ҳеҷ гоҳ куҳна ва беарзиш нахоҳанд шуд.
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостгор,
Варо дониш бояд, на гавҳар ба кор,
Ба дониш бувад ҷону дилро фурӯғ,
Нигар то нагардӣ ба гирди дурӯғ.
Зи дониш дари беқиёсӣ маҷӯй
Агарчанд аз ӯ сахтӣ ояд ба рӯй.
Имрӯз, албатта, барои донишҷӯёни соли аввал, ки касби пурмасъулу бошарафи табибиро интихоб намудаанд, рузи пурҳаяҷону изтиробомез ва хотирмон ба шумор меравад, зеро ин қадами нахустини Шумо ҷониби дунёи табибӣ мебошад ва ҳар яки Шумо бояд мақому манзалат ва рисолати бузурги табиб дар назди аҳли башарро бо маънои томаш дарк намоед. Касби интихобкардаи худро самимона дӯст доред, бо кору рафтори худ исбот кунед, ки шумо барҳақ ворисони ҳақиқии Абуалӣ ибни Синои нотакрор хоҳед шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шуруъ намудааст, имсол аз фаъолияти он ҳашт сол пур шуд. Дар ин муддати хеле кутоҳ донишҷӯёни донишгоҳ бо дастовардҳои назарраси худ аллакай номбардори ин боргоҳи илму маърифат гардида истодаанд.
Лозим ба қайд аст, ки соли гузашта маҳз Рӯзи дониш дар ин донишгоҳи азизамон, бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва расман кушодашавии ин маҷмааи муҳташами таълимӣ, баргузор гардид, ки барои аҳли донишгоҳ ҷаҳони ифтихору фараҳмандиро арзонӣ дошт.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон зиёда 2,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Боиси хурсандӣ аст, ки имсол дар баробари се факултет дар донишгоҳ ду факултети дигар – факултети тибби профилактикӣ ва факултети фармасевтӣ таъсис дода шуданд ва нақшаи қабули донишҷӯён низ аз 350 нафари солҳои қаблӣ ба 750 нафар зиёд карда шуд.
Ба донишҷӯёни азиз ин боргоҳи илму дониш профессорону омӯзгороне дарс медиҳанд, ки дар байни онҳо докторон ва номзадҳои илм, омӯзгорони варзидаву таҷрибадор мавҷуданд ва барои донишҷӯён имконияте фароҳам омадааст, ки то аз илму дониш, маҳорату малака, ҳунару истеъдод, таҷрибаву кордонии ин омӯзгорон баҳраи хубе гиранд. Ба ин васила метавонанд ба қуллаи баланди мақсуд, муваффақият, иззату шараф ва бахту саодат бирасанд.
Ҳозирини гиромӣ.
“Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ” унвон гирифтани оғози соли таҳсил хеле рамзӣ мебошад, зеро мафҳумҳои “Дониш” ва “Сулҳ” арзишҳое мебошанд, ки тақвиятдиҳандаи ҳамдигаранд, зер танҳо бо доштани саводу дониш кас метавонад ба қадри сулҳу субот бирасад ва дар навбати худ, фазои сулҳу суботи давлат боиси рушди илму дониши миллат мегардад. Пас, маълум мешавад, ки Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ унвон гирифтани 1-уми сентябр дар худ ҳикмати гаронбаҳоеро дорад, ки нуқтаи оғози эъмори як ҷомеаи мутамаддинро таҷаллӣ менамояд. Месазад, ки дар ин рӯзи фархунда сухани қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик Устод Абуабдуллоҳи Рудакиро бар забон овард, ки хеле орифона офаридааст, ки:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Бо нияту мақсадҳои нек, бори дигар устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дар симои Шумо тамоми халқи азизи кишварро бо Рӯзи дониш ва 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо дар роҳи беохир ва олами бемаҳдуди дониш комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Бигзор офтоби илму дониш болои сари мо - миллати шарафманди тоҷик, ҳамеша нурафшонӣ намояд!
Саломату сарбаланд бошед!