Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Monday, 02 September 2024 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Санаи 29-уми августи соли 2024 ҷаласаи нахустини Шурои олимони ДДТХ дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсили 2024-2025 табрику таҳният намуд. Ҳамзамон, пеш аз баррасии масъалаҳои дар рӯзнома омада, Раиси шурои олимон ба омӯзгорони донишгоҳ: сардори шуъбаи кадрҳо, омӯзгори кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ Асоев С.П., н.и.т., мудири кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 1 Пиров Б.С., барандаи “Шоҳҷоиза”-и омзуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” - ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 1 Дадоҷонов Ҷ.Ю., омӯзгори кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А. нишони “Аълочии тандурустӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Сипас аъзои Шурои олимон бо рӯзномаи ҷаласа шинос гардонда шуданд ва рӯзномаи ҷаласа тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома - “Натиҷаи  қабули довталабон ба ДДТХ  барои соли таҳсили 2024-2025” котиби комиссияи қабул н.и.т. Боронов Ҳ.А. маълумотро манзури аъзои шуро намуда, қайд дошт, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар ду марҳила доир гардид ва ҳуҷҷатҳои 712 нафар донишҷӯён, тибқи нақшаи қабул ва рӯйхати ММТ,  ба 5 факултети донишгоҳ қабул карда шуданд.

Дар масъалаи дуюми рӯзнома сардори шуъбаи кадрҳо Аосев С.П. оид ба натиҷаи озмуни қабули кормандон ва ҲПО дар соли таҳсили 2024-2025 ба донишгоҳ маълумот дод. Зикр гардид, ки озмун тибқи талабот ва низомнома баргузор карда шуд ва нафароне, ки ба талабот чавобгӯ буда, аз холи гузариши озмунро ба даст оварданд, дар сохторҳо ва кафедраҳои донишгоҳ ба кор қабул карда шуданд.

Ваколатдори сардори шуъбаи таълим –Назаров З.С. дар масъалаи сеюми рӯзнома омодагии шуъбаи таълим, деканати факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ барои оғози соли таҳсили 2024-2025-ро мавриди баррасӣ қарор дод ва иброз намуд, ки бо дарназардошти баъзе камбудиҳои ҷузъӣ шуъбаи таълим, деканати факултет ва кафедраҳо тамоми нақшаи кориро муайян намудаанд ва барои оғози соли нави таҳсил омода мебшанд.

Дар масъалаи чоруми рӯзнома сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа - Ҳомидзода И.Ҷ. вобаста ба тағйиру илова ба ҳайати шурои олимон, ҳамзамон, лоиҳаи Нақшаи кории Раёсат ва Нақшаи кории шурои олимон барои соли таҳсили 2024-2025 сухан намуд.

Дар масъалаҳои гуногун 11 Лоиҳаи қарори шурои олимон аз ҷониби масъулин пешниҳод ва аз тарафи аъзои шурои олимон тасдиқ карда шуданд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шурои олимон аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳо фармони Ректори донишгоҳ вобаста ба таъин гардидани мутахассисон ба вазифаҳои нав қироат гардид. Дар навбати худ Ректори донишгоҳ кадрҳои навтаъингардидаро ба вазифаҳои нав табрик намуда, ҳамзамон, бо масъулияти баланд ва содиқонаву софдилона адои вазифа намуданро таъкид намуд.   

 

Хабарнигори сомона.

Хондан 82 times Last modified on Wednesday, 04 September 2024 04:17

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид