Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Saturday, 08 June 2024 00:00

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

Рӯзи 6-уми июни соли 2024 дар ДДТХ семинар-машварат дар мавзуи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ – ихтироъ ва ҳифзи ҳуқуқии он» аз ҷониби намояндагони Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ: Холиқов Тоҳир Халилович – директори китобхонаи давлатии патенту техникии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ, Назаров Баҳодур Исмоилович – сармутахассис, коршиноси раёсати иттилоот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ, Шарипов Сунатулло Қосимович – сармутахассис, коршиноси раёсати санҷиши давлатии гузаронида шуд. Дар семинар машварат ихтироот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ бо ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.

Семинар-машваратро муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. оғоз намуд ва мақсади аз баргузории семинари мазкурро гуфта дод.

Сипас директори китобхонаи давлатии патенту техникии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ Холиқов Т.Х. оид ба масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти ихтироъкорон, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқ ва асосҳои моликияти зеҳнӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар назди Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ кафедраи “Ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ» амал мекунад, ки масъалаҳои гуногуни самти мазкурро ба танзим медарорад.

Сармутахассис, коршиноси раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии  Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ Шарипов С.Қ. оид ба талаботҳо ва шартҳои ихтироъ, объекти ихтироъ, меъёрҳои онҳо маълумот дод.

Сармутахассис,  коршиноси раёсати иттилоот ва намунаҳои саноатии Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ Назаров Б.И. дар бораи тарзи таҳия намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ барои гирифтани патент маълумоти муфассале пешниoҳод намуд.

Коршиносони Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ ба саволҳои ҳозирин оид ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи мазкур посухҳои мушаххас доданд

Семинар-машваратро муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А.  ҷамъбаст намуда, аз номи Раёсати донишгоҳ ба кормандони Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ барои баргузории семинар арзи миннатдорӣ намуд.

Муовинати илм ва нашрия.

Хондан 323 times Last modified on Monday, 10 June 2024 13:06

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид