Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Tuesday, 07 May 2024 00:00

БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРӢ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ДОИРАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ 2024-СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ДАР ДДТХ БО ҶАЛБИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Чуноне ки маълум аст, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Дар партави ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Раёсати ДДТХ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он як қатор қатор корҳоро то ба имрӯз ба анҷом расонид.

Санаи 07.05.2024 бо ҷалби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара барои ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

 

Вохӯриро мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои вохӯриро ба иштирокчиён фаҳмонида дод. Ҳамзамон, дар мавзуи “Муҳиммияти эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”” маъруза пешниҳод намуда, донистани тамоми паҳлуҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ҳисобид.

Прокурори ноҳияи Данғара, мушовири адлияи дараҷаи 2. – Қодирзода Н.Т. аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён суҳбат намуда, барои саҳм гузоштани донишҷӯён дар баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаро таъкид намуд.

 

Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Данғара Қурбонов И.И. зимни баромади худ аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, оқибати харобоварии шомил шудан ба ҳаракатҳои хусусияти террористӣ-эстремистидошта, надоштани дониши ҳуқуқӣ ва ба ин сабаб шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан намуд. Қайд дошт, ки миллати бофарҳанги тоҷик бояд ҳама вақт аз тамаддуну маърифати баланди ниёгон ифтихор кунад ва барои ояндагон низ аз худ номи некро гузорад.

Сардори ШКВД дар ноҳияи Данғара Каримзода А. дар навбати худ перомуни “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ибрози андеша намуда, перомуни масъалаҳои терроризму экстремизм, қоидавайронкуниҳо, хурофотпарастӣ ва оқибати нанговари шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои номатлуб, риояи намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ аз дағалрафторӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз, ки аз надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш сарчашма мегиранд, суҳбат намуд.

 

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. дотсент Қурбонмамадов С.Х. перомуни ҷанбаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ ва фарҳангии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” сухан намуда, риояи ҚҶТ дар бораи «Консепсияи миллии тарбия», ҚҶТ дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ҚҶТ дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд», ҚҶТ дар бораи «Маърифати экологии ањолї» ва дигар қонунҳои амалкунандаро дигарбора ба донишҷӯён ҳушдор дод.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. аз номи Раёсати донишгоҳ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ барои иштирок дар вохӯрӣ ва пешниҳоди маълумотҳои муфид ба омӯзгорон ва донишҷӯён, изҳори сипос намуд.

Хабарнигори сомона.

Хондан 183 times Last modified on Friday, 10 May 2024 02:01

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид