Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Sunday, 05 May 2024 00:00

ВОХӮРӢ БО ҲПО ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ ДАР ДОИРАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Чуноне ки маълум аст, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Дар партави ин дастури Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки бо муаасисаҳои олӣ ва миёнаи касбии воқеъ дар ҳудуди вилоят, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳия ва дигар табақақои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо доир намояд.

 

Дар ин радиф, санаи 25-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чунин вохӯрӣ бо иштироки Сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Сафарзода Ғ., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Насриддинзода Р., Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Абдуллозода Ф. бо ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ доир гардид.

Вохӯриро муовини аввали ректори ДДТХ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳоро ба иттилои ҳозирин расонид.

Сипас дар навбати худ Сардори Раёсати маорифи вилоят Сафарзода Ғ., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Насриддинзода Р., Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Абдуллозода Ф. ба сухан баромада, аз эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, муҳиммияти донистани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, риояи қонуну қоидаҳои амалкунанда, ташаккул додани маърифати ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва ҳиссагузор будани донишҷӯён – ҷавонони кишвар дар ин ибтикори навбатии Пешвои миллат, суханронӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ муовини аввали ректори ДДТХ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳои судманд ба намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз номи роҳбарияти донишгоҳ ва иштирокчиён изҳори сипос намуд.

Хабарнигори сомона.

Хондан 204 times Last modified on Sunday, 05 May 2024 08:24

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид