Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Панҷшанбе, 02 Май 2024 00:00

КАБУДИЗОРКУНИИ ГИРДУ АТРОФИ ДОНИШГОҲ ИДОМА ДОРАД

Санаи 1-уми майи соли 2024, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ҷиҳати идомаи кабудизоркунӣ ва сабзгардонии гирду атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, зиёда аз 100 адад арчаҳои ороишӣ ба донишгоҳ дастрас ва шинонида шуданд.

Лозим ба қайди хос аст, ки пас аз сохта ба истифода дода шудани Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кормандони МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП ҶТ бо намояндагии сардори шуъбаи "Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-и МД "Маҷмааи Қасри Миллат"-и ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябр ба донишгоҳ 271 адад дарахтони ороишӣ, ки 122 ададро дарахтони арча (Сосна)-и баландиашон аз 5 то 6 метр, 76 ададро дарахтони арча (Сосна)-и баландиашон аз 4 то 5 метр, 65 ададро дарахтони арча (Сосна)-и баландиашон то 4 метр ва 8 ададро дарахтони ороишии навъи "акатсия" бо андозаҳои гуногун ташкил медод, оварда шинонида шуданд.

Ин тадбирро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дод ва дарахтони ороишии дастрасгардида бо ҷалби Раёсати донишгоҳ, кормандони муовинати хоҷагидорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ шинонида шуданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз дастгириҳои навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло изҳори сипос менамояд.

 Хабарнигори сомона.

Хондан 113 times Last modified on Якшанбе, 05 Май 2024 07:01

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид