Санаи 27-уми апрели соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Пас аз ифтитоҳи расмии ҷаласа ва шинос намудани аъзо бо рӯзнома, Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон мудири кафедраи беҳдошт ва эпидемиология н.и.т. Насрединов А.А.-ро бо ҷашни 65 солагии зодруз, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, н.и.с. Аҳмадиён Ш.Р. ва муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х.-ро барои ноил шудан ба унвони илмии "Дотсент", мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.-ро барои ноил шудан ба дараҷаи имлии "Номзади илмҳои филологӣ" аз номи аъзои шурои олимон табрику таҳният намуд.
Сипас тибқи рӯзнома дар масъалаи якум муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" дар ДДТХ - Азизуллоев А.А. баромад намуда, аз корҳои фаҳмондадиҳӣ байни кормандону донишҷӯён ва пешгирӣ аз ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар ин ҷода маълумот дод.
Дар масъалаи дуюми рӯзнома мудири кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ Назаров Ҷ.Т. оид ба фаъолияти кафедра дар соли таҳсили 2023-2024 маълумот пешниҳод намуд.
Дар масъалаи сеюми рӯзнома «Ҳисобот оид ба фаъолияти кафедраи педиатрӣ, мушкилот ва дурнамои он" аз ҷониби мудири кафедра н.и.т., дотсент Кузибаева Н.К. шунида шуд. Ҳамзамон, пас аз пешниҳоди ҳисобот ҳайати Комиссияи санҷишӣ аз фаъолияти панҷсолаи кафедраи мазкур маълумотро манзури аъзо гардонда, фаъолияти кафедраро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ бошад як қатор лоиҳаи қарорҳо пешниҳод ва аз ҷониби аъзои шурои олимон тасдиқ карда шуданд.
Хабарнигори сомона.