Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Wednesday, 01 May 2024 00:00

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ БАХШИДА БА "ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ"

Бо ибтикори муовинати илм ва нашрия, аз 15-ум то 22-юми апрели соли 2024, бахшида ба ҳафтаи илм дар кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мизҳои мудаввар, семинару ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Санаи 17-уми апрели соли 2024 дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ дар мавзуи “Бардоштҳо аз "Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва  ходимони дини кишвар”"  мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои якум ва  дуюм иштирок намуданд. Мизи мудаввар таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.ф. Гулов А.А. доир гардида, пас аз маърузаҳои омӯзгорони кафедра суҳбати озод ва саволу ҷавоб байни маърузачиён ва иштирокчиён сурат гирифт.

Санаи 18-уми апрели соли 2024 дар кафедраи забонҳо дар доираи ҳафтаи илм  дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва аҳаммияти таърихии он” ҳамоиши илмӣ ташкил ва гузаронида шуд. Мудири кафедра н.и.ф. Одинаев С.П. дар оғози ҳамоиш аз бузургию шаҳомати забони тоҷикӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки забони тоҷикӣ дар паҳнои таърих яке аз забонҳое ба шумор меравад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз салосату нафосат ва бузургию шаҳомати худро аз даст надодааст. Маърузачиёни дигар низ дар навбати худ оид ба мавқеи таърихии забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, санаи 18-уми апрели соли 2024 дар кафедраи химия ва биологияи тиббӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Даҳсолаи байналмилии об, амал барои рушди устувор” мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир карда шуд. Дар идомаи ин, бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии замин” 20-апрели соли 2024 дар кафедраи мазкур маҳфили илмӣ баргузор карда шуд.

Чорабиниҳои зикршуда дар доираи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва нашрия бахшида ба ҳафтаи илм баргузор гардиданд ва дар ташаккул додан ва роҳнамои намудани донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон дар ҷодаи илм нақши муассире хоҳанд гузошт.

Муовинати илм ва нашрия.

Хондан 251 times Last modified on Thursday, 02 May 2024 11:16

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид