Санаи 31-уми январи соли 2024 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонон - Содиқӣ Насиба Нуруллозода ва раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - Каримзода Пирмуҳаммад ҷиҳати баррасии нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор гардид.
Вохӯриро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ҳусни оғоз бахшид. Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонон - Содиқӣ Н.Н. масъалаҳои дар Паёми Президенти мамлакат баёнгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки тамоми самтҳои фаъолияти кишвари азизамон бо таҳлилҳои мушаххас ва далелҳои раднашаванда дар Паём инъикоси воқеии худро ёфтаанд. Ин шароиту имкониятҳое, ки Шумо насли ҷавон имрӯз дар даст доред, маҳз бо тадбирандешиҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омадаанд.
Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара - Каримзода П. вобаста ба паҳлуҳои дигари ин ҳуҷҷати муҳимми давлатдорӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки дар баробари таҳлилу пешниҳоди оморҳои расмӣ ҷиҳати рушду нумуи ҳамаҷонибаи кишвар муҳтарам Президенти мамлакат ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳамзамон, ба ҷо овардани эҳтироми волидайнро махсус таъкид намуданд.
Дар навбати худ, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. аз паҳлуҳои дигари Паёми ироагардидаи Президенти мамлакат ибрози андеша намуда, ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Раёсати донишгоҳ шуморид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин вохӯриҳои судманд аз номи Раёсати донишгоҳ изҳори сипос карда шуд.
Хабарнигори сомона.