Санаи 29-уми январи соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара суҳбату вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Аҳмад Гулаҳмадзода, коршиноси сиёсӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Абдуллоҳи Раҳнамо ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати давлатии ҷавонон - Содиқӣ Насиба Нуруллозода ҷиҳату шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо фаъолони ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сохторҳо баргузор гардид.
Дар баробари дигар идораву муассисаҳо аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ зиёда аз 100 нафар омӯзгорону кормандон дар вохӯрии мазкур иштирок намуда, аз суҳбат ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора бархӯрдор гардиданд.
Иброз дошта шуд, ки ҳар яки мо бояд Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар асоси он баҳри рушду нумуи кишвар саҳми арзанда гузорем, насли наву ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем ва аз оқибатҳои ҳар гуна гурӯҳву ҳаракатҳои номатлуб онҳоро огоҳ бисозем.
Суҳбату вохӯрӣ бо таҳлилу далелҳои раднашаванда баррасӣ гардида, барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳиву саҳмгузорӣ дар рушду нумуи кишвар такони наву тоза бахшид.
Хабарнигори сомона.