Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Saturday, 24 February 2024 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Санаи 27-уми январи соли 2024 Ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шурои олимон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, аъзои шуроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои “Ҳисобот дар бораи фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли 2023”,  “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати маъмурӣ-хоҷагии ДДТХ дар соли 2023”, “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи 2–юми соли таҳсили 2023-2024”, “Маълумот оид ба фаъолияти кафедраи забонҳо, мушкилот ва дурнамои он” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯйи масъалаи якум “Ҳисобот дар бораи фаъолияти муовинати илм ва нашрия дар соли 2023” муовини ректор оид ба илм ва нашрия н.и.т., дотсент Боронов Ҳ.А. ҳисобот пешниҳод намуда, аз муваффақият, дастовардҳо ва ҳамзамон, камбудиҳо дар фаъолияти корҳои илмӣ ва нашрия ҷойдошта сухан намуд. Аз тарафи Раиси Шурои олимон барои бартараф намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома - “Ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати маъмурӣ-хочагии ДДТХ дар соли 2023” (муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ-хоҷагӣ  Камолов Д.Ғ.) маълумот пешниҳод гардида, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои ободони кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон аз ҷониби Раиси шурои олимон супоришҳо дода шуданд.

Ваколатдори сардори шуъбаи таълим н.и.т., Назаров З.С. дар бораи масъалаи 3-юми рӯзнома - “Маълумот оид ба тайёрии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳои ДДТХ ба нимсолаи 2–юми соли таҳсили 2023-2024” баромад намуда, аз андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати омода будан ба нимсолаи дуюми соли таҳсил изҳори назар намуд.

Дар масъалаи чоруми рӯзнома ахбори мудири кафедраи Забонҳо – Одинаев С.П. дар бораи “Маълумот оид ба фаъолияти кафедраи забонҳо, мушкилот ва дурнамои он” шунида шуд.

Дар масъалҳои ҷорӣ Қарорҳои зерин: Қарори шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ”, Қарори шурои олимон “Дар бораи таъсиси Маркази таълимии клиникии стоматология”, Қарори шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кории Комиссияи доимамалкунандаи донишгоҳӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои соли 2024”, Қарори шурои олимон “Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷгардида Раиси Шурои олимон вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ, бардоштҳо ва дастурҳо аз Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳо аз ҷаласаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ки баҳри пешрафти рӯзафзуни тамоми соҳаҳои кишвар, таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, баланд бардоштани сифати таълими толибилмон, саҳми арзанда гузоштан дар рушди нумуи илми тоҷик ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шуда буданд, андешаронӣ намуд ва ба аъзои Шурои олимон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хабарнигори сомона.

Хондан 102 times Last modified on Tuesday, 27 February 2024 12:59

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид